Семинар – омузиши буҷаи хонавода

Санаи  2 ноябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ,  барои омўзиш ва баланд бардоштани савияи дониши иқтисодчиёни буҷаи хонаводаҳо бо иштироки сардори Сарраёсат,  муовини аввали Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Шодмон Шариф, сардори раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ Набизода Абдувалӣ,  муовини сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қамарзода Ҳукмидин ва  муттахасисони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

     Сараввал Муовини аввали Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Шодмон Шариф семинари омўзиширо кушода бо сухани ифтитоҳӣ вобаста мазмун ва муҳтавои интихоби нави буҷаи хонаводаҳо баромад намуда ба иштирокчиён ва  ташкилкунандаи семинари омўзишӣ ба Бонки Умумиҷаҳонӣ миннатдории худро баён намуда ба кори семинари омўзиши муваффақиятҳо орзу намуд.

 

Сипас Сардори раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – тренер Набизода  Абдували ва муовини сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – тренер Қамарзода Ҳукмидин оид ба омўзиши тарзи бурдани пурсиш дар хонаводаҳои интихобшуда, таҳлил ва омўзиши саволномаҳо ба иқтисодчиёни буҷаи хонаводаҳо дастури омўзиши гузаронидаанд. Дар рафти семинар ба иқтисодчиёни буҷаи хонаводаҳо корҳои амалӣ оиди пур намудани саволномаҳо ва муҳокимаи саволҳои бамиёномада  дастури амалӣ дода шуд. Барномасози Бонки Умумиҷаҳонӣ иштирокчиёни семинари омўзиширо, бо барномаи электронии тадқиқоти буҷаи хонаводаҳо дар планшет ва омўзиши кор бо планшет дастури амалӣ доданд. Семинар омўзиши мазкур то 5- ноябри соли равон идома дорад.

Author: statkhatlon