Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санаи 30 октябри соли 2020 маросими савгандёдкунии Периденти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи шабакаи телевизионӣ пахши мустақимро бо иштироки ҳамаи кормандон дар утоқи кории сардори Сарраёсат тамошо намуданд. Маросими савгвндёдкунӣ 30 октябри соли 2020 баргузор гашт. Авалан дар қасри миллат раиси Кумитаи марказии интихоботӣ Бахтиёр Худоёрзода Шаходатномаи унвони президенти Ҷумҳурии Точикистонро тақдим намуд, баъдан раиси суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода ба президенти нав интихобшуда нишон такдим намуданд.   

Инчунин, ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ливои шахсӣ тақдим карда шуд. Давоми маросим дар Кохи Сомон баргузор гашт,ки дар он аз тарафи гвардияи миллӣ парчами Ҷумҳурии Точикистон дар толор парафшон карда шуд, баъдан суруди миллӣ ба таври зинда садо додо шуд. Дар ҳамин толор президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон дар назди ҳукумат ва халқи худ дасти рости худро ба болои Конститутсия гузошта савганд ёд намуданд, ки ба халку давлати худ содикона хизмат менамоянд. Баъдан президенти Ҷумҳурии Точикистон дар майдони Дўстӣ омада, бо иштироки гвардияи миллӣ ва кормандони мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуданд, ки ба халқу давлат содиқона хизмат мекунам, кабул намуданд.

Ҳамзамон сарвари давлат дар баромади худ оид ба дастовардҳои солҳои 2013-2020 маълумот дода, оид ба амалӣ намудани нақшаи барномаи рушду нумуи соҳаҳои мухталифи кишвар дар ҳафт соли минбаъда, аз он ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, савдо ва хизматрасонии пулакӣ, сохтмон, энергетика, маориф ва фарҳанг, тандурустӣ, нақлиёт, варзиш, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсол ва таъмини бозори дохила бо маҳсулотҳои ниёзи мардум, суханронӣ намуда, барои ба Сарвари давлат эътиқод доштани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба халқи содиқу матинирода ва сулҳпарвару меҳнаткаш сари таъзим фуруд оварданд. Дар тули ҳафт соли оянда сарзамини ниёгони тоҷик боз ҳам зебову дилрабо гашта, сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб хоҳад намуд ва умед аст, ки шаҳрвандон бо ҷойи нави корӣ таъмин карда хоҳанд шуд. Мо ҷонибдори дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлати хеш мебошем.

Author: statkhatlon