Дар санаи 17 январи соли 2020 кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат бо иштироки роҳбарияти Сарраёсат, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳои соҳавӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватаншо иштирок намуданд. Сараввал суханро сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Боймурод ифтитоҳ бахшида, намондагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтарро муаррифӣ намуда аз ҷумла чунин қайд намуданд: Ҳизби Халқии Демоқратии Точиқистон дар байни дигар ҳизбҳои сиёсӣ бонуфуз ва пешқадам дониста мешавад, зеро ҳамеша дар канори халқ буда, амалӣ шудани хадаф ва мақсадхои дар пеш истодааш сайъ менамояд. Имрузҳо халқи точик дар зери шиори «Барои вахдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» бо роҳбарии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон барои пешрафти ҳамаҷонибаи Точиқистони азиз ҳисса мегузоранд.
Пас аз баромади Сардори Сарраёсат, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом ба сухан баромаданд чунин ќайд намуданд: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд. Ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандон пайваста талош меварзад. Дар бораи дунявият ва сарчашмаи хурофоту хурофотпарастӣ ва оқибатҳои он ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки хурофотпарастӣ аз бовариҳои ҷомеаи ибтидоӣ сарчашма гирифтаву ба динҳо омезиш ёфта, то замони мо бо оқибатҳои то ҳатто ба амалҳои террористиву ифротгароӣ расида ба рукнҳои давлату давлатдорӣ ва арзишҳои таърихӣ, динӣ, милливу фарҳангӣ хатари бузург эҷод хоҳанд кард. Аз ин рӯ ҳар яки мо шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки пешорӯи таҳдиду хатарҳои раванди босуръати ҷараёни ҷаҳонишавӣ давлату миллат ва арзишҳои суннатии хешро ҳифз намуда, зери идеологияи устувору созанда муттаҳид бошем. Давлат, миллат ва арзишҳои бузурги миллиамонро дар зери сиёсати Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беолоиш ва пок ҳифз намоему шиори ҳамешагии худ «Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст» қарор дода, кору фаъолият намоем. Пас аз баромади намояндагони ҳизб фаъолони Срраёсат бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.