Вохурӣ бо намояндагони Васоити Ахбори Омма оид ба ҷамъбасти соли 2019.

   Имрўз дар санаи 28 январи соли 2020 дар толори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2011 № АП-1729 бо намояндагони ахбороти оммаи вилоят нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишасти матбуотӣ аз намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон шахсони зерин: Урақов Баҳодур- «Рўзномаи – СССР», Шариф Мираков – «ТВ- Ҷаҳоннамо», Манучеҳ Мирзоев- «ТВ-Қўрғонтеппа», Худоёров Умаралӣ- рўзномаи «Дустлик», Гулов Руслан рузномаи «Новый Хатлон», Сулаймон Саидов- «Радиои Ватан»,Манучеҳри Умар- ТВ «Қўрғонтеппа», «Рўзномаи Хатлон», Комрони Бахтиёр- «Рўзномаи Хатлон», Сулаймон Султонов «Рўзномаи Садои мардум»,  Машраби Аловиддин –«ТВТоҷикистон»,  Сулаймон Саидов – «ТВ- Ҷаҳоннамо», Раҳмоналӣ Додархўҷаев- «Рўзномаи Фараж»,  Манучеҳр Мирзоев- «ТВ-Ҷаҳоннамо»,  Маъруф Назрӣ- «ТВ-Хатлон»,  Абдуғаффор Сатторов – «ТВ-Хатлон», Аҳмади  Раҳим- «Рўзномаи Пайк», Ҷамолиддин Сайфиддин- «Рўзномаи Хатлон», сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои соҳавӣ иштирок намуданд. Сараввал нишасти матбуотиро сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Боймурод оғоз намуда, оид ба фаъолияти Сарраёсат дар соли 2019 ахбор пешниҳод намуд. Баъд аз ин саволу ҷавоб байни намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят бо сардори Сарраёсати Агентии омори вилояти Хатлон ва сардорони раёсату шуъбаҳои соҳавӣ доир гардид. Дар рафти нишасти матбуотӣ рўзноманигорон дар атрофи фаъолияти Сарраёсати Агентии омори вилояти Хатлон, шуъбаҳои омори шаҳру ноҳияҳо, рафти вазъи ҳисоботсупорӣ ва дурустии ҳисоботҳои оморӣ саволҳо дода, ҷавобҳои аниқ гирифтанд. Баъди ба анҷом расидани раванди саволу ҷавоб, намояндаи шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи раиси вилояти Хатлон оиди иштирок намуданашон дар нишасти матбуотӣ ба сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қ.Б., изҳори миннатдорӣ намуда, дар равиши кори Сарраёсати Агентии омори вилоят барориҳои меҳнатӣ таманно намуд. Нишасти матбуотӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Author: statkhatlon