Варзиш гарави саломатӣ

Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат интихоб гардида, албатта, нақш ва ҷойгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки ҳамчун ифодакунандаи сиёсати мантиқии давлату ҳукумат ба таҳкими ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, ки  асоси онро солимии миллат, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дустӣ  ва тарғиби идеяи миллати солим ташкил медиҳад, асос меёбад. Бо дастгириҳои Пешвои миллат Тоҷикистони ҷавонони мо дар самти варзиш миёни давлатҳои ҷаҳон ҳамчун кишвари варзишдуст муаррифӣ гардида, варзишгарони тоҷик қадам ба қадам ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд, ки ин ҳама аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи гамхориҳои Пешвои миллат дар самти варзиши ҷумҳурӣ дарак медиҳад. Давоми чанд соли охир рушди футбол дар кишварамон бараъло ба чашм мерасад. Аз ин хотир, санаи 8 апрел бо мақсаду мароми тарғиби ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ байни кормандони мақомоти омор ва дигар мақомоту идораҳо, баланд бардоштани маҳорати варзишии кормандон ва дур мондани ҷавонон аз нашъамандӣ  ва ҳар гуна гуруҳҳои ифротӣ, ба монанди терроризм ва экстремизм дар майдони хурди варзишии шаҳри Бохтар байни дастаи варзишгарони Сарраёсати омори вилоят ва ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилоят мусобиқаи варзишӣ дар намуди футбол барои дарёфти Ҷоми раиси вилоят баргузор гардид.  Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа равнақ додани муттаҳидию дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни кормандони мақомоту идораҳо, рушду инкишоф ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, хусусан ҷалби кормандон ба варзиш, беҳдошти саломатии онҳо ва муайян намудани  беҳтарин бозингарон дар байни кормандон маҳсуб меёбад. Бозӣ байни дастаҳои футбол бо натиҷаи 12 бар 4 анҷом ёфт, ки дастаи футболбози Сарраёсати омори вилоят бар дастаи ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи вилоят ғолиб кард. Санаи 12 апрел бозии дастаҳои футболи Сарраёсати омор бо Раёсати гумруки вилоят баргузор гардид, ки бозӣ бо ғалабаи 6 бар 5 анҷомид. Ин дафъа ҳам дастаи футболбози Сарраёсати Агентии омори вилоят дастболо шуд. Варзиш – кафили солимии миллат буда, имрўз тамоми навъҳои варзиш дар Тоҷикистон рушд намуда шароитҳои лозим барои ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим фароҳам оварда шудааст.

Author: statkhatlon