Дар санаи 26 январи соли 2021 кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар утоқи кории сардори Сарраёсат бо иштироки роҳбарияти мақомоти Сарраёсат, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои соҳавӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро бо умед ба фардои дурахшон истиқбол намуда дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро ҳама дастаҷамъона онро тамошо намуданд.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар навбати аввал баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ ба сатҳу сифати бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи солиму бомаърифати фарзандон ва дигар паҳлуҳои иқтисоди кишварамон равона карда шудааст. Ҳадаф ва мароми асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи кишоварзӣ махсусан ба истеҳоли маводҳои ғизоӣ равона карда шуда, дар баробари афзоиши шумораи корхонаҳо, дар ин замина зиёд намудани воҳиди ҷойи нави корӣ, ҷоннок намудани истеҳсол, коркард ва пешниҳод намудани маҳсулотҳои ватаниро дар соҳаи саноат амалӣ намудан мебошад. Дар ҷумҳурӣ ба ҳифзи муҳти зист, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Бо назардошти беҳтар намудани шароитҳои сайёҳӣ мутахассисон ва мутасаддиёни соҳа бояд аз шароитҳои мусоидаткунанда васеъ истифода бурда, барои вусъат бахшидан дар самти ҳунарҳои мардумӣ ва ободию созандагӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шавад.
Ҳамасола баъди шунидани Паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, ба Маҷлиси Олӣ дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ҷунбиши тозае ба миён меояд. Яъне, аз Паём то Паём зиндагӣ ранги нав гирифта, мардум бо дилгармӣ аз пайи иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ ва рангин гардонидани рӯзгори хеш мешаванд. Таҳаввулоти солҳои охир дар соҳаҳои маориф, тиб, энергетика ва дигар самтҳои хоҷагии халқ моро бовар мекунонад, ки то чӣ андоза иҷрои дастуру супоришҳои Президент барои ҷомеа зарур ва муассир мебошанд. Дар соли 2021 ба фаъолияти кории кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, барои рушди муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад. Синфхонаҳо бо маводҳои технологияҳои нави ҳозиразон таъмин карда шавад. Диққати асосӣ ба омўхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ равона карда мешавад.
Президенти мамлакат илму маорифро ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунанд ва барои маърифатнокии аҳолии мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» сафи донишомӯзони фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табииро бештар менамояд. Ҳамчунин наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқонро водор месозад, ки дар солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» саҳмгузор бошанд.
Яке аз бахшҳои ин паём баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар сиёсати давлат маҳсуб меёбад. Чунончӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрўзаи хеш зикр намуданд, то вақте ман сари мансаб ҳастам, сиёсати боло бурдани мавқеи занону бонувонро дар системаи давлату сиёсат ҷонибдорӣ мекунам. Чунончӣ, дар ин маврид дар паём зикр гардидааст, «Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Имрўз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки зиёда аз 166 нафар кору фаъолият мекунад, ки ҳудудан 21,1 дарсади онҳоро бонувону занон ташкил медиҳанд. Ин гуфтаҳо худ гувоҳи он аст, ки мавқеи занону бонувон дар системаи давлату давлатдорӣ сол то сол устувортар мешавад. Мо бонувони Сарраёсати омори вилояти Хатлон сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро ҷонибдорӣ намуда, кўшиш ба харҷ медиҳем, баҳри ин сарзамину ин давлати хеш то андозае хизмат намуда бошем.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чун солҳои қаблӣ бо муждаву навидҳои тоза ба самъи мо расонида шуд. Пешвои миллат дар шуруи Паёми хеш аз паҳни бемории сироятии коронавирус дар сайёра ва ба ин сабаб вазнин сипарӣ шудани соли 2020 ёдовар шуданд: “Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.” Дар идома Сарвари давлат иброз доштанд, ки бо сабаби КОВИД-19 вазъи иқтисоди дар тамоми мамолики дунё поён рафта, рӯзгузаронӣ душвор мегардад. Аз ҳамин рӯ Пешвои миллат қайд намуданд, ки: “Бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем. Аз ҷумла, ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд. Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд. Илова бар ин, дар 92 муассисаитиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд”.
Асри 21-ум асри коммуникатсия ва технологияҳои навин ба шумор рафта, ҷиҳати амалисозии технологияҳои нави коммуникатсионӣ, истифодаи васеъи воситаҳои электронии иттилоотӣ дар шабакаи интернетӣ амалӣ карда мешавад. Дар Паём омадааст, ки ҷавонон- ояндаи миллат, пояи асосии давлат буда, дониш ва маърифати онҳо ояндаи дурахшони кишварро муаррифӣ менамояд. Ҷалби ҷавонон ба рушди тараққиёти соҳаҳои мухталифи кишвар ва вусъат бахшидан ба мавқеи зан дар ҷомеа, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон тақозо ва талаботи замон мебошад. Миллати тоҷик яке аз миллатҳои куҳанбунёд ба шумор рафта аҷдодони мо барои бофарҳангу мадинияти бой доштан, бо меҳру садоқат ба ватан, дўстиву саховатмандӣ буданашон машҳури дунё гашта, аз худ номи некў гузоштаанд.Мо низ дар навбати худ бояд кўшиш намоем, ки оид ба таърихи халқи тоҷик арҷ гузор бошем, асарҳои илмӣ таълиф намуда миллати тоҷикро ба шаҳрвандони хориҷӣ муаррифӣ намоем. Ба насли оянда аз худ ватани ободу зебо, фарҳангу маданияти воло гузошта, онҳоро дар руҳияи ватандўстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем. Сарвари давлат ба ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён барои саҳми босазо гузоштан дар рушду нумуи кишвари азизамон миннатории самимӣ баён намуда, дар зиндагӣ ва корҳои минбаъдаи онҳо барориҳои беназирро таманно намуданд.
Чуноне ба ҳамагон маълум аст, Паёмҳои Президенти кишвар аз оғоз то имрўз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи халқ мебошанд. Соли ҷорӣ ҳам дар Паём мо шоҳиди ҳадафҳои қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба наву баландарзиш гардидем ва умед аст, ин ҳадафҳо моро ба марҳилаи шукуфову ободонии аз ин бештар расонад. Дар маҷмуъ ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба Маҷлиси Олӣ тамоми масъалаҳоро дар бар гирифта, дурнамои рушд ва бозсозиро дар кишвар муайян месозад. Аз ҳамин рӯ анъана шудааст, ки мардуми шарафманди тоҷик ирсоли Паёмро ҳамасола бо умеду шодии бепоён мунтазир мешаванд ва замоне, ки Паёми Президенти мамлакат тариқи расонаҳои хабарӣ намоиш ва пахш карда мешавад, ҳама бо руҳияи ватандӯстона онро гӯш мекунанд.