Ҳакимзода Қурбон Боймурод – Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Ҳакимзода Қурбон Боймурод

Аз 20 майи соли 2019 дар мансаби Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кор мекунад.

20 январи соли 1972 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик буда таҳсилоташ олӣ мебошад. Оиладор соҳиби 4 фарзанд.

Соли 2003 Коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳияи Бохтарро бо ихтисоси Ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит хатм кардааст.

Соли 2006 Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит хатм кардааст.

 

Суроға шаҳри Левакант, кучаи Вахш хонаи 12 ҳуҷраи 9.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солхои 1990-1992- Хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ
Солҳои 1992-1993- Нозири Нозироти суғуртаи ноҳияи Данғара
Солхои 1994-1996- Муҳосиб-хазинадори шуъбаи муҳосиботи Идораи омори вилояти Хатлон
Солхои 1996-1997- Иқтисодчии дараҷаи якуми шуъбаи омори шаҳри

Қӯрғонтеппаи Идораи омори вилояти Хатлон

Солҳои 1997-2001- Сариқтисодчии шуьбаи омори шаҳри Қӯрғонтеппа
Солҳои 2001-2003- Иқтисодчии дараҷаи 1 шуьбаи омори шаҳри Қӯрғонтеппаи Кумитаи омори вилояти Хатлон
Солҳои 2003-2010- Сардори шуъбаи омори шаҳри Леваканти Кумитаи омори вилояти Хатлон
Солҳои 2010-2015- Муовини Сардори Сарраёсати Агентии омори назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Солҳои 2015-2019- Директори Муассисаи давлатии нақлиётии махсусгардонидашудаи соҳаи тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Аз 20 майи соли

2019 то ҳол-

Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

 

Author: tojNet