Дар санаи 8 октябри соли 2020 дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамбасти семоҳаи мақомоти омори вилоят баргузор гардид. Дар Ҷаласаи васеи мушовараи Сарраёсат аъзоёни мушовараи Сарраёсат, муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Шодмон Шокир, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои соҳавӣ, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Боймурод ифтитоҳ бахшида, намонда аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Дар ҷаласа фаъолияти Сарраёсат ва мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо муҳокима карда шуда, ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи корҳо ва чорабиниҳои навбатӣ барои семоҳаи чоруми соли 2020 қарори дахлдор қабул карда шуд. Дар ҷаласа сардорони мақомоти шаҳру ноҳияҳо баҳри бартараф намудаи камбудиҳои ҷойдошта, ба як тартиб даровардани ҳисоботҳои электронӣ ва бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани семоҳаи чоруми соли 2020 фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Раёсати баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Сарраёсат дар якҷоягӣ бо мутасаддиёни барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили мақомоти оморӣ маҳаллӣ вазифадор карда шудаанд, ки дар муҳлатҳои камтарин камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, сањењї ва дурустии њисоботњои барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 таъмин намоянд.Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Шодмон Шариф дар баромади худ ҷамъбасти семоҳаи сеюми соли 2020- уми Сарраёсатро қаноатбахш шуморида, қайд намуданд, ки дар баробари пешрафти кори Сарраёсат камбудиҳо бартараф намуда, семоњаи чоруми соли 2020- умро бо нишондињандањои назаррас ҷамъбаст намоянд. Бо мақсади сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз тарафи мушовараи васеи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қарори дахлдор қабул карда шуд.