ШУКРИ ИСТИҚЛОЛ МЕГУЕМ МО.

          Имруз дар санаи 8 сентябри соли 2020 дар утоқи кории сардори Сарраёсат ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба муносибати 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Сарраёсат, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо  ва аҳли кормандон  баргузор гардид.

Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Боймурод баромад н амуда, бахшида ба ин санаи пурифтихори давлатӣ чунин қайд намуданд : Бо самимияти хоса ва эҳтироми бепоён Шумо ва аҳли пайвандонатонро ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҷашни муқаддасу фархундаи тамоми тоҷикону тоҷикистониён, маҳзари ормонҳои ҳазорсолаи ниёгони озодихоҳамон барои расидан  ба бузургтарин саодат- давлатдории миллӣ таҳният гуфта, бароятон нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадият, инчунин тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар фаъолияти меҳантиатон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям. Бигузор  меҳнати ҳаррўзаву пурсамаратон  баҳри ободу зебо шудани кишвари азизамон файзи зиёд ораду кишвари маҳбубамонро боз ҳам зебо ва пурнур гардонад. Бо зуҳури истиқлол ҷун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳиби Истиқлол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар асри 20-ум ба даст омада. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодй, ҳамфикрию ҳамзизтӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз оварда.

   Истиклолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳукукӣ ва соҳибиҳтиёрӣ, низоми давлатдори ва бузургии миллат аст. ки сиёсати дохилию ҳориҷӣ, иктисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнак медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи такдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад. Истиқлол чун олитарин меҳмони пурфайзу пурсаховат бар хони кишвари тоҷикон соли 1991 кадам ранҷа намуд. Ин миллати меҳмоннавоз кудуми мубораки ин меҳмони олиқадрро воло ҳисобида ба хубӣ пазируфт. Гарчанде баъзе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда миллати баруманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми баруманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд, зеро ин миллати бузургро марди бузургу дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ менамояд. Бо мурури вакт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду  давлат   орому  миллат дилшод гардид. Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд, мулоҳизакор будани миллат имруз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд. Имруз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дустию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги Истиқлоласт. Имруз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистикдол нашиносад.     

 Имруз  миллати  тоҷик  дар  арафаи  ҷашни  29-солагии истиклоли миллӣ  ҳамаҷониба  барои ободкорӣ ва ҳамзиштии осоишта мекушад. Рамзҳои асосии давлати мо нишони миллӣ, парчами миллӣ пули миллӣ мебошанд. Фарзандони миллат дар қувваҳои миллии давлати хеш адои ҳизмати Модар-Ватан мекунанд. Имруз миллати сарбаланди  тоҷик  бо ифтихори  бузурги  миллӣ аз дастовардҳои бузурги Истиқлол чун иншоотҳои бузурги кишвар,  сохтмонҳои НБО-и Роғун, Сангтудаи-1, Сангтудаи-2,  «Роҳи  мошингарди Бадахшон», «Накби Истиклол», «Роҳи оҳани Хатлону Кулоб». ифтихор дорад. 

                   Ҳуҷаста бошадо иқболи тоҷик, 

                   Ба парвози навин шаҳболи тоҷик. 

                   Гар истиқлолаш истиқбол дорад, 

                  Ҳумоён бод истиқлоли тоҷик.

Бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли Тоҷикистон, ки соли 1994 сурат гирифта буд, қабули Сарконуни ҷумҳурӣ мебошад. Сарконун мавқеи шахсро дар ҷамъият дар мадди аввал гузошта, ки он гувоҳӣ соҳтани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд гардид.

Хулоса, тавассути Истиқлол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Имруз Тоҷикистон соҳибиҳтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки имруз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳҳоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омузиши сулхҳоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу гайрат намоем.

Author: statkhatlon