Аз санаи 4 то 7- уми сентябри соли 2020, дар асоси фармоиши Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2020 № 44 дар минтақаҳои Бохтар ва Кўлоби вилояти Хатлон семинар – машварат дар мавзўи “Тартиби гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020” ва пур кардани ҳуҷҷатҳои барўйхатгирӣ гузаронида мешавд.
Дар санаи 4-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори тарабхонаи “Бохтариён” –и шаҳри Бохтар бо иштироки муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Шодмон Шокир, муовини сардори раёсати барўйхатгирии аҳолӣ ва мутахассисони Агентии омор, сардорони мақомоти омори маҳалӣ ва мутахассиони барўйхатгирии аҳолӣ фонди манзили шаҳру ноҳияҳо 41 нафар шунаванда ва дар мехмонхонаи “Роҳи абрешим”-и шаҳри Кулоб бо иштироки муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин, сардори Раёсати баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Агентӣ, сардори Сарраёсати Агнтии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва мутахассисони Агентии омор, сардорони мақомоти омори маҳалӣ ва мутахассиони барўйхатгирии аҳолӣ фонди манзили шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кулоб 31 нафар шунаванда дар маҷмуъ 72 нафар шунаванд иштирок намуданд. Мақсади чорабинии мазкур омодагӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки аз 1 то 15 октябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст баргузор мегардад иборат мебошад.
Дар баромади худ муовинони Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Шодмон Шокир ва Давлатзода Қиёмиддин дар доираи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 шарҳу тавзеҳ дода чуини қайд намуданд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳаматарафа омода бошанд. Шокирзода Ш.Ш., ва Давлатзода Қиёмиддин иброз намуданд, ки мақсади барўйхатгирии аҳолӣ ин дастраст намудани маълумот дар бораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳияи дурнамои давлатӣ, кансепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгўӣи шумора ва ҳайати аҳолӣ, омўзиш, ҷойгиронӣ ва истифодаи захираҳои меҳнатӣ, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.
Сипас сардори Раёсат ва муовини сардори Раёсати барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Агентӣ омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ворис Қаюмович Ризоев Наҷмиддин оид ба пур кардани шаклҳои барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил маълумот дода, ҳозиринро ҷиҳати пур кардани шакли 1 “Рўйхати хонаводаҳо ва шароити манзил”, шакли 2 саволнома маълумот дар бораи аъзоёни хонаводаҳо ва шакли 3 “Фонди манзил”бо тариқи планшет ва қоғаз ва интенетпурсиш шинос намуд.
Ба ғайр аз ин дар семинар оид ба ҷамъбасти нақшаи ташкилии гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ, камбудию норосогиҳо ва ислоҳи он ба иштирокчиёни семинар дастур дода шуд. Семинар омўзиш ва дастурдиҳӣ идома дорад.