Рузи Президент иди миллии мост.

         Имрўз дар санаи 15-уми ноябри соли равон дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистони дар вилояти Хатлон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис сардорони раёсатҳо, шуъбаҳои соҳавӣ ва кормандон иштирок намуданд.                            Маҷлисро сардори Сар раёсати Ҳакимзода Қурбон Боймурод ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ин рўзи пурифтихор табрику таҳният намуда дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи Президентӣ шаҳру тавзеҳ дода чунин қайд намуданд: Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ҳамин мехоҳам дар бораи Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сухан ронам. Баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.                                                                      Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодаи оилаи деҳқон буда, баъди хатми мактаб ва адои хизмати ҳарбӣ ҳаёти худро ба меҳнати созанда пайвастааст. Ҳамчун хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи хоҷагиву ҳизбӣ фаъолият кардааст. Ҳамчун вакили Шӯроӣ Олӣ бо дониши амиқ, мардонагиву далерӣ соҳиби обрӯву эътибори мардум гаштааст.                                                     Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайваст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳама шукр гӯем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо марду сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад.        Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард. Барои иҷрои ин мақсадҳо ӯ тадбирҳое андешид, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд. Барои ҳамин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу истиқлолияти давлати миллии мо меҳисобанд. Маҳз тавассути заҳматҳои ӯ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Бо ташаббуси ӯ соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, Президенти кишвар ва вакилони Маҷлиси Олӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ интихоб шуданд. Ӯ аз рӯзи аввал ҳамчун сардори давлат қавл дод, ки гурезагонро ба Ватан баргардонида, ба ҷанг хотима медиҳад, халқу кишварро соҳибӣ карда, мардумро сарҷамъу муттаҳид ва мамлакатро обод мекунад.     Президенти мо ба қавлаш вафо карда, фирориёнро ба Ватан баргардонид, бо кӯшишу заҳматҳо 27-уми июни соли 1997 Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонд ва ба ҷанг хотима гузошт. Бо кӯшиши пайвастаи ӯ халқи тоҷик сарҷамъу муттаҳид гашт, дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам оварда шуд, фарҳанги кӯҳан, номи нобиғаҳои миллат эҳё ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд. Барои инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ шароитҳо фарохам оварда шуд. Маҳз тавассути талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохтанашаванда тағйир дод. Бо назардошти хамаи инҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 11-уми декабри соли 1999 барои хизматҳои бузургаш дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ, хизматҳои барҷастааш дар рушду инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарафроз гардонид.     Баъди интихоби роҳбари нави давлат тавассути заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои СММ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ гашт. Аз ин лиҳоз, заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳақ пазируфта шуда, оламиён тавассути баромаду пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, дар ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо ошноӣ пайдо карданд. Ҳурмату эҳтироми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ нишонаи олии эҳтироми Сарвари давлатамон ва ҳусни таваҷҷуҳи мардуми олам нисбат ба халқи тоҷик мебошад.                            Ҳамчунин Президенти Точикистон пайваста дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир менамояд. Маҳз тавассути ғамхориҳои доимиву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба ин мақсад шумораи зиёди муассисаҳои оливу миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву дилхушӣ сохта шуда, ба ихтиёри ҷавонон пешкаш шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама баромаду суханрониҳояш пайваста таъкид месозад, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи миллату давлат буда, барои онҳо бояд тамоми шароитҳо фароҳам оварда шавад. Аз ин лиҳоз, таъкидҳои падаронаи Сарвари давлатамон ҳар яки моро водор менамояд, ки тибқи дастурҳои Президенти кишвар амал намуда, бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданиву маърифатӣ ва муҳофизати Ватани азиз саҳм гузорем.                             Асрҳову давраҳои бузурги таърихӣ мегузаранд. Дар таърихи давлатҳо бисёранд сарвароне, ки баҳри рушди кишварашон аз худ осоре боқӣ намегузоранд. Охир мардум ва таърих ба шахсиятҳои давлатӣ аз рӯйи хизматашон ба халқу Ватан ва рушди он баҳо дода, ҳеҷ гоҳ хизмату саҳми мусбиашонро дар ташкилу инкишофи давлаташон фаромӯш намекунад. Оё метавонем хизмату номҳои фарзандони фарзонаи халқи тоҷик – Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Ҷаббор Расулов ва дигаронро фаромӯш кунем? Ҳаргиз не! Аз ин лиҳоз, хизматҳову саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон ба як умр боқӣ хоҳад монд. Мо эътимоди комил дорем, ки кормандони соҳаи маориф, ҷавонони бо ору номуси кишвар ва донишҷӯён бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол, хониши аълову интизоми намунавӣ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳм хоҳанд гузошт. Пас аз маърўзаи сардори Сарраёсат филими мустанад бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шуд.

Author: statkhatlon