Вохурии судман бо намояндагони Коррупсия ва Раёсати корҳои дохилӣ

        Имрўз дар толори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохурии судманд оид ба Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) ва мубориза бар зидди терроризм” доир гардид.  Дар вохурӣ сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қ.Б., муовини сардори Сарраёсат, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қурбонзода Манучеҳр Мусо, намояндаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муовини сардори раёсати кофтукоби ҷиноятӣ Қосимзода Шамсиддин, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳои соҳавӣ ва кормандон иштирок намуданд. Оиди мавзўи якуми рўзнома, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қ.Б. баромад намуда, қайд намуд, ки оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” диққати махсус дода мешавад. Баҳри таъмини иҷроиши бандҳои 1,2,11,23,24,36,40,41,44,48 ва 60-и Барномаи мазкур аз тарафи Сарраёсат чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои амалӣ намудани он мутасаддиён сафарбар карда шуда, аз натиҷаи он дар як сол ду маротиба ба раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ахбор пешниҳод карда мешавад. Дар самти қатъиян роҳ надодан ба изофанависӣ ва пешниҳоди маълумотҳои оморӣ, пурзўркунии корҳои назоратию таҳлилӣ дар Сарраёсат чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад. Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои номатлуби коррупсионӣ аз ҷониби кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон санадҳо омода карда шуда, дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима баста мешавад. Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилоят 171 адади ҳисоботҳо дар 397 корхонаву ташкилотҳо, ҷамоатҳои деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ санҷишҳои оморӣ гузаронида шуда, дар асоси моддаи 515- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои сари вақт пешниҳод накардан, бо дермонӣ ва хатогӣ пешниҳод кардани  ҳисоботҳои оморӣ ба 215 нафар  шахсони мансабдор ба маблаѓи 74930 сомонӣ ҷарима баста шуд. Ин маблаѓ бо пуррагӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид шуда, нисбат ба нуҳ моҳи соли 2018-ум 3 нафар ва ба маблаѓи 6330 сомонӣ зиёд мебошад.Хароҷоти  мақсадноку шаффофии  маблаѓҳои  буҷетӣ  ва риояи қатъии интизоми  молиявӣ  таҳти  назорати  Сарраёсат  қарор  гирифтааст. Маблағҳои буҷетӣ мувофиқи фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  9.04.2015  сол, № 204 даромаду хароҷот намуда, маблаѓҳои музди меҳнат, сафарҳои хизматии кормандон мувофиқи кортҳои пластикии бонки давлатии “Амонатбонк” пардохт карда мешавад. Аз ҷониби шуъбаи муҳосиботи Сарраёсат шаффофияти амалҳои муҳосибӣ ва дурустии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромад ва хароҷотҳо таҳти назорат қарор дода шудааст. Аз ҷониби гуруҳи кории Сарраёсат дар сафарҳои хизматӣ нисбати роҳ надодан ба изофанависӣ ва сохтакорӣ бо кормандони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо суҳбатҳо гузаронида шуда, дар мавриди гузаронидани санҷишҳо ба саҳеҳӣ ва шаффофияти ҳисоботҳои аввалия диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз руи масъалаи дуюм оиди экстремизм ва терроризм қайд намуданд, ки экстремизм ва терроризм таҳкурсии давлат ва ягонагии миллатро барҳам дода, ба муносибатҳои байналмилалӣ зарари ҷиддӣ мерасонад. Зуҳуротҳое, ки барои тарбияи солимии ҷисмонӣ ва ақлонии  ҷавонон хатаровар аст, ин падидаҳои экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм мебошад. Пешгирӣ намудани падидаҳои экстремизм ва терроризм қарзи ҳар шаҳрванд буда, барои решакан намудани он кўшиш ба харҷ додан лозим аст. Андешидани чораҳои маҷмуии ташкилӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди омилҳои эктремистӣ (ифротгароӣ) ва терроризм ба маврид мебошад. Яке аз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсив расонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” ва “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” мебошад. Бо назардошти қонунҳои амалкунанда ва дар асоси фармоиши Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, бо фармоиши сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм барои солҳои 2018-2020 ба тавсиб расонида шуда, нусхаи чорабиниҳои тасдиқшуда ба мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шудаанд. Дар Сарраёсат барои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ҷавони Сарраёсат ва мақомоти омори маҳаллӣ, ҷиҳати ҳолати вазъи сиёсии ҷумҳурӣ, шомил нагаштани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ва ба оқибатҳои нохўш овардани он суҳбатҳо гузаронида шуда, интизоми корӣ таҳти назорат қарор дода шудааст. Пас аз баромади Сардори Сарраёсат суханро ба намояндаи шуъбаи пешгирии коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қурбонзода Манучеҳр Мусо дода шуд ва дар баромади худ қайд намуд, ки “Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оѓоз мегардад. Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад. Андешидани чораҳои маҷмуи ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия ба маврид мебошад. Бояд қайд карда шавад, ки аз ҷониби мақомоти омор Барномаи идоравии (соҳавии) коррупсионии мақомоти омори маҳаллӣ омода ва таҳти иҷроиш қарор додан аввалиндараҷа буда, ҷиҳати иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо ҳар нимсола ба роҳбарият ахборот пешниҳод кардан ҳатмӣ мебошад. Пас аз баромади намояндаи Агентии Коррупсия дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) ва мубориза зидди терроризм намояндаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қосимзода Шамсидин баромад намуда, қайд намуд, ки барои пешгирии зидди экстремизм (ифротгароӣ) ва мубориза зидди терроризм бояд дастҷамъона мубориза барем. Ба кормандони Сарраёсат ҷиҳати амалӣ намудани нақша-чорабинӣ оиди «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2019- 2020» тарѓибу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, барои беҳтар намудани назорат аз рўи роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дастурҳои лозимӣ дода шуд.Қайд карда шуд, ки ҳоло дар мамлакати ҳамсоя Ҷумҳурии Афѓонистон гуруҳи мусаллаҳ ҷамъ шуда ба корҳои терроризм машѓуланд.Дар музокираи вохўрӣ сардорони раёсатҳои иҷтимоӣ (Алимзода С.), кишоварзӣ ва муҳти зист (Алиқулов А.) сардорони шуъбаҳои саноат (Муминов Ш.), сохтмон (Хоҷаев А.) ва дигарон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, раванди ҷаримабандӣ, дурустии пур қардани протокол ва қарори ҷаримабандӣ ба савлоҳои худ посухҳои қаноатманд гирифтанд.Ҷаласаи Сарраёсат дар фазои якдигарфаҳмӣ, дар доираи  мавзуъ ва бо саволу ҷавобҳои саҳеҳ гузаронида шуда, қарори дахлдор қабул карда шуд.

Author: statkhatlon