Дар санаи 17 сентябри соли 2019 дар толори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маҷлиси назоратии назди сардори Сарраёсат дар бораи «Натиҷаҳои иҷрои нақшаи корӣ ва чорабиниҳои Сарраёсат дар соли 2019» бо иштироки сардорони раёсат ва шуъбаҳои соҳавии Сарраёсат ва сардорони шуъбаҳо мақомоти маҳаллии омори шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Оид ба мавзўи рўзномаи маҷлис сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон баромад намуда, қайд намуданд, ки Сарраёсат фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ», Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2019, фармоиш ва супоришҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда корҳои назаррасро ба сомон расонида истодааст.
Ҷиҳати дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи омор, мавриди амал қарор дода шудааст. Нишондиҳандаҳои оморӣ дар буллетенҳои соҳавӣ, гузориши моҳонаи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон» ва ҷадвали «Нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон» дарҷ карда шуда, ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳод карда мешаванд.Қайд гардид, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии вилояти Хатлон ба шумор рафта рушди ин соҳа таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад. Сардорони раёсат ва шуъбаҳои дахлдори соҳавӣ ва сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоятро вазифадор намуд, ки ба истеҳсоли пахта диққати ҷиддӣ дода қабули онро дар корхонаҳои пахтақабулкунӣ дар асоси варақаи қабули пахта ВҚ-17 амалӣ карда шавад.
Ҷиҳати иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуда таъкид карда шуд, ки ҳамкорӣ бо мудирони бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатаии шаҳру ноҳияҳо роҳандозӣ карда шуда, шумораи иншоотҳои ба истифода додашуда муайян ва бо назардошти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба ҳисоботҳои оморӣ дохил карда шавад. Иҷрои саривақтии нақшаи ба истифода додани иншоотҳои ҷашнии шаҳру ноҳияҳо таҳти назорат қарор дода шавад. Сардорони мақомоти омори маҳаллӣ вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати саҳеҳии маълумотҳо оид ба ҷойҳои кории холӣ ва қарздорӣ аз пардохти музди меҳнатро дар корхонаҳо, идораву муассисаҳо ва ҷамоатҳои дечҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таҳти санҷиш қарор дода аз натиҷаи онҳо ба Сарраёсат ахбор пешниҳод намоянд.Бо Дастгоҳи иҷроияи раисони шаҳру ноҳияҳо ва раисону котибони ҷамоатҳои деҳот ҳамкориро вусъат бахшида, рафти ба тарзи электронӣ пур кардани дафтарҳои баҳисобгирии хоҷагиҳои аҳолӣ ва саҳеҳии ҳисоботҳои аввалия таҳти назорат қарор дода шавад.
Ҳакимзода Қурбон аз омодагӣ ба барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 натиҷагири намуда қайд намуд, ки дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар баъзе ноҳияҳо камбудиҳо ҷой дорад. Ҷиҳати омода ва тасдиқ намудани харитаҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо ва нақшаи схематикии маҳаллаҳои шаҳрӣ аз ҷониби баъзе шаҳру ноҳияҳо то ҳол бо Кумитаи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон муофиқа карда нашудааст. Ҳамзамон дар маҷлис сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияи Кўшониён, Вахш, Дўстӣ, А.Ҷомӣ, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритуз, Ёвон, Ховалинг баромад намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои нақшаи корӣ ва чорабиниҳои Сарраёсат фикру ақидаҳои худро баён намуданд. Дар анҷоми маҷлиси назоратии назди Сардори Сарраёсат бо назардошти масъалаҳои муҳокимагардида, ба масъулин супоришҳои зерин дода шудаанд: Дар фарҷоми маҷлиси назоратии назди Сардори Сарраёсат ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои нақшаи корӣ ва чорабиниҳои Сарраёсат барои соли 2019 ба мутасаддиён супоришҳои мушахас дода шуд.