«Истиқлолият бузургтарин сарватаст»

            Имрўз, дар санаи 6 сентябри соли 2019 дар Сарраёсат ҷамъомад ба муносибати 28-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Боймурод баромад намуда, аз он ҷумла қайд карданд, ки «Боиси хурсандист, ки пиру барнои кишварамон имсол ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат, бо руҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол мегиранд.

Имрўз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерўи тавонбахши ҳаёт мебошад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ зикр намудаанд: «Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад». Мо дар шароити ҷаҳонишаваии арзишҳо ва даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрўз бо ин роҳ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравем. Дар шароити имрўзаи ҷаҳони муосир рисолати ҳар фарди ватандўст обод намудани Тоҷикистони азизамон мебошад. Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят як қатор иншоотҳои фарҳангию варзишӣ, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва ѓайра бо ширкати Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар баробари ин, дар тўли солҳои истиқлолият дар вилояти Хатлон садҳо корхонаҳои хурду бузург бо ҳазорҳо ҷойҳои корӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ба некуаҳволӣ ва ноил гардидан ба зиндагии сазовори мардум мусоидат менамояд. Ҷоиз ба зикр аст, ки ба муносибати ин ҷашни пуршукуҳ агрегеати дуюми Неругоҳи обии барқии Роѓун ба кор дароварда мешавад, ки ин низ як дастоварди тоҷикон дар арсаи энергетикаи ҷаҳонӣ буда, дар дунё калонтарин неругоҳ пазируфта шудааст. Дар анҷоми баромадаш сардори Сарраёсат ҳозирин ва  дар шахсияти онҳо аҳли хонаводаи кормандонро бо фарорасии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои ҳамагон бахту саодат, сиҳатмандию комёбиҳои беназири меҳнатӣ ва  баракати рўзгорро таманно намуданд.

Бигузор бузургтарин дастоварди миллатамон- Истиқлолияти давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад!

Author: statkhatlon