Нишаст бо намояндагони Васоити Ахбори Омма оид ба “Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2019”

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2019

Санаи 17 июли соли 2019 дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2011 № АП-1729 бо намояндагони ахбори оммаи вилоят ва ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир намуд.  Дар нишасти матбуотӣ аз намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон шахсони зерин:

  1. Худоидод Раҷабов – ТВ «Тоҷикистон».
  2. Соҳибназари Таваралӣ – ТВ «Тоҷикистон».
  3. Носирҷон Маъмурҷонзода – рӯзномаи «Хатлон».
  4. Гаибова Зулайхо – рӯзномаи «Новый Хатлон».
  5. Уроқов Баҳодур – рӯзномаи «СССР».
  6. Маҳмадалӣ Акрамов – радиои «Тоҷикистон».
  7. Нарзулло Олимов ТВ «Хатлон»
  8. Раҳмоналӣ Додархӯҷаев – рӯзномаи «Фараҷ».
  9. Амонҷон Маҳкамов ТВ «Сафина»
  10. Абдурашид Мусоев рӯзномаи «Дӯстлик»
  11. Соибназари Гулмурод- радиои «Ватан».
  12. Муҳаммадҷон Ҳаитов ТВ «Хатлон»
  13. Қурбонов Баҳриддин ТВ «Синамо».
  14. Шариф Мираков – ТВ «Ҷаҳоннамо».
  15. Маҳмадраҳимзода Фазлиддин – мутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи раиси вилояти Хатлон ва дигарон иштирок намуданд.

Сараввал, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Боймурод оид ба фаъолияти Сарраёсат баромад намуданд. Баъд аз ин саволу ҷавоб байни намояндагони васоити ахбори омма бо сардори Сарраёсат ва мутахассисони соҳавӣ доир гардид. Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон дар атрофи фаъолияти Сарраёсат, мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо, шумораи аҳолӣ, шумораи ҷудошавии оилаҳо ва ятимон дар вилоят, нархҳои истеъмолӣ, шумораи корҳонаҳои саноатӣ ва намудҳои фаъолияти онҳо, шумораи корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, рафти супоридани ҳисоботҳои оморӣ, дастовардҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, афзоиши  саршумори чорвои калон дар вилоят ва баландравии нархи гӯшт, гардиши савдои хориҷӣ аз он ҷумла содирот ва воридоти молҳои озуқаворӣ, шумораи ҷойҳои холии корӣ ва ихтисоршавии кормандон, шумораи иншоотҳои нотамом дар вилоят, шумораи ҷаримабандӣ дар семоҳаи дуюми соли 2019, саноат, савдо ва хизматрасонии пулакӣ, музди меҳнат, иҷтимоӣ, фаъолияти иқтисодӣ, намудҳои тадқиқотҳои оморӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолият саволу ҷавоб доир намуданд.

 

Рӯзноманигорон ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Бояд тазаккур дод, ки нишасти матбуотӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва саволу ҷавоб дар доираи фаъолияти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сурат гирифт.

Author: statkhatlon