Ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2019
Дар санаи 9 июли соли 2019 дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамбасти нимсолаи якуми мақомоти омори вилоят баргузор гардид. Дар Ҷаласаи васеи мушовараи Сарраёсат аъзоёни мушовараи Сарраёсат, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Малоҳат Холиқзода, мудири шуъбаи таҳлилӣ иқтисодӣ ва таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисод мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Валиев Хуршед Ҷурахонович, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои соҳавӣ, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок карданд.
Ҷаласаро сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимов Қурбоншо Боймуродович ифтитоҳ бахшида, намондагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро муаррифӣ намуд. Дар баромади худ сардори Сарраёсат қайд намуд, ки ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 394 корҳои оморӣ ҷамъоварӣ ва коркард шуда пешниҳод карда шуд, ки 100 фисади иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Гузоришҳои моҳонаи “Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон” ва ҷадвали “Нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо” саривақт чоп карда шуда, ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.
Дар ин давра оид ба санҷиши саҳеҳии маълумотҳои оморӣ 102 шакли ҳисобот дар 222 корхонаву муассисаҳо, идораю ҷамоатҳои деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ гузаронида шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» бо моддаи 515 барои сари вақт пешниҳод накардан, дер ва тамоман пешниҳод накардани ҳисоботҳои оморӣ 113 нафар шахсони мутасаддӣ ба маблағи 40865 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 вобаста ба соҳаи омор зикршуда, Сарраёсат дар якҷоягӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабинӣ омода карда, ҷиҳати амалӣ гаштани он ҳар семоҳа ба мақомоти дахлдори давлатӣ ахбор пешниҳод менамояд.
Бо назардошти он, ки дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, Сарраёсат дар якҷоягӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъоварии маълумотҳои саҳеҳ шакли ҳисоботҳои оморӣ роҳандозӣ карда шуда, амалӣ гаштани онҳо таҳти назорат қарор дода шудааст. Иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015, № 572 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» , қарори раиси вилоят аз 9 январи соли 2017 № 6 Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2016 № 511 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Оид ба муътамадии ҳисоботҳои оморӣ ба мутахассисони мақомоти маҳаллии омор (оиди омори кишоварзӣ, саноат, сармоягузориҳо дар сохтмон, хизматрасонии пулакӣ, иҷтимоӣ ва нарху тарофаҳо) ёрии амалӣ расонида шуда, дар семоҳаи сеюми соли 2019 гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ дар назар гирифта шудааст.
Баъди ҷамъбасти ҳар семоҳа ахбори муфассали “Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон” ба рўзномаҳои вилоятии “Хатлон”, Новый Хатлон” ва “Дўстлик” пешниҳод карда мешавад.Нақшаи чорабиниҳои Сарраёсат ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди амал қарор дода шудааст. Дар Сарраёсат риояи интизоми корӣ таҳти назорат қарор дода шуда, ҷиҳати ободонӣ, нигоҳ доштани тозагӣ дар утоқҳои корӣ ва гирду атрофи бино диққати ҷиддӣ дода шуда, кормандон дар ҳашару шанбегиҳои сатҳи шаҳрӣ ва вилоятӣ фаъолона иштирок менамоянд.Барои беҳтар намудани шароити корӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, бо дастгирии роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон базаи техникии Сарраёсат беҳтар карда шуда, баъзе аз шуъбаҳои соҳавӣ ва мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо бо компютерҳои нав ҷиҳозонида шуданд. Аз моҳи майи соли 2019 сомонаи интернетӣ бо номи «stat-Кhatlon.tj.» (СТАТ-ХАТЛОН.ТҶ) фаъолият дорад, ки дар он аз ҷониби Сарраёсати омор маълумотҳо дарҷ карда мешавад, ки истифодабарандагон метавонанд аз он истифода баранд.
Оид ба масъалаҳои якуми рўзнома сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои Кўлоб (Сафаров М.), Кўшониён (Амризода Б.), Фархор (Раҳмонзода З.), А.Ҷомӣ (Сангов М.), Носири Хусрав (Шомуродов Э.) ва Ш.Шоҳин (Орипов Э.) ва дигарон баромад намуданд.
Дар музокира оид ба рўзномаи маҷлис муовини сардори Сарраёсат Азимов А.Ш, сардори раёсати баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шарифов С., сардорони раёсатҳои соҳавӣ Алихонов Б, Алиқулов А., Алимзода С., баромад карданд.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар баромади худ ҷамъбасти нимсолаи якуми Сарраёсатро дар соли 2019 қаноатбахш шуморида, дастур доданд, ки камбудиҳои зикршуда ҳарчӣ зудтар бартараф карда шавад ва дар ин ҷода ба ҳозирин меҳру садоқат нисбати Ватан, тинҷиву амонӣ, самараи ваҳдат ва дар фаъолияташон барори кор орзў намуданд.
Дар интиҳои кори мушовара бо мақсади сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз тарафи мушовараи васеи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қарори дахлдор қабул карда шуд.