Пирўзии дастаи футболбозони омор

Дар ҳама давру замон варзиш бо намудҳои мухталифаш маълум буда, мухлисони худро дошт. Варзиш аз ҷумлаи соҳаҳоест, ки ҳаёту рӯзгори мардумро пуробуранг мегардонад. Бо мақасди баланд бардоштани сатҳи таёрии ҷисмонӣ, такмил додани сифатҳои ҷисмонӣ, ҷалб намудани кормандон ба намудҳои варзиш ва муайян намудани варзишгарони беҳтарин барои иштирок дар мусобиқаҳои байни идоравӣ, бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон мусобиқаи футболи хурд байни кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоят барои дарёфти «Ҷоми раиси вилоят» дар асоси нақша –чорабиниҳои фарҳангию

маърифатӣ, оммавию варзишии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 май, унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» ки 1 майи соли 2019 бо имзои раиси вилояти Хатлон тасдиқ шудааст ва мутобиқи банди 39- и ҳамин нақша чорабинӣ роҳандозӣ гардид.

Мусобиқаи мазкур аз санаи 3 то 15-майи соли 2019 идома ёфт. Дар мусобиқаи мазкур 16 даста иштирок намуда, ғолибонро бо Ҷом, медал, ва туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Хатлон сарфароз гардониданд. Дар ин мусобиқаи вилоятӣ низ дастаи футболбозони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иштирок варзиданд.

Санаи 17 майи соли 2019 дар толори театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо иштироки раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон мусобиқаи футболи хурд оид ба дарёфти «Ҷом»-и раиси вилоят доир гардида буд, дар чорабинӣ ғолибони мусобиқаи мазкур муайян ва қадрдонӣ гардиданд. Ҷойи аввалро дастаи футболи ДДБ ба номи Носири Хусрав ишғол намуда соҳиби «Ҷом»- и раиси вилоят гардид. Ҷойи дуюмро дастаи футболбозони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соҳиб гардида ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят тақдим намуданд.

Author: tojNet

Шарҳи худро гузоред