Санаи 9 апрели соли 2021 дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи васеи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид дар ҷаласаи васеи Сарраёсат: аъзоёни мушовараи Сарраёсат, Шокирзода Шодмон Шариф- муовини аввали Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дадабоев Алишер – сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои соҳавии Сарраёсат, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд. Дар ҷаласа сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Боймурод оид ба фаъолияти Сарраёсат ва мақомоти омори маҳаллӣ дар семоҳаи якуми соли 2021 баромад намуда, аз он ҷумла қайд намуданд, ки дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон 227 корҳои оморӣ ҷамъоварӣ, коркард ва пешниҳод карда шуд, ки ин 100 фоизи иҷрои нақшаи Барномаи корҳои омориро ташкил медиҳад.
Оид ба таҳлили вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи якуми соли 2021- ум 57 адад буллутен, 13 гузоришҳои оморӣ, аз он ҷумла 3 адад гузориши комплексӣ «Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон» ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳод карда шуданд.
Дар Сарраёсат ҷиҳати дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 вобаста ба соҳаи омор зикршуда корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, ҷиҳати нақшаҳои тасдиқшуда дар якҷоягӣ бо мақомоти омори маҳаллӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, иҷроиши онҳо таҳти назорати Сарраёсат қарор дода шудааст.
Баъди ҷамъбасти ҳар семоҳа ахбори муфассали “Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон” ба рўзномаҳои вилоятии “Хатлон”, Новый Хатлон” ва “Дўстлик” пешниҳод карда мешавад.
Нақшаи чорабиниҳои Сарраёсат ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди амал қарор дода шудааст.
Оид ба муътамадии ҳисоботҳои оморӣ ба мутахассисони мақомоти маҳаллии омор (оиди омори кишоварзӣ, саноат, сармоягузориҳо дар сохтмон, хизматрасонии пулакӣ, иҷтимоӣ ва нарху тарофаҳо) ёрии амалӣ расонида шуда, дар семоҳаи дуюми соли 2021 гузаронидани санҷишҳои маҷмўӣ дар назар гирифта шудааст.
Оид ба фаъолияти мақомоти омор дар семоҳаи якуми соли 2021- ум сардорони мақомоти шаҳру ноҳияҳои Бохтар (Султонов А.), Ҷ.Балхӣ (Каримов Р.), Қубодиён (Сафарзода Ю.), Муъминобод (Азизов Т.), М.С.А.Ҳамадонӣ (Шарифов Ш.), Ҷайҳун (Холмуродов А.) ва дигарон баромад намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба як маром даровардани ҳисоботҳои электронӣ ва бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани семоҳаи дуюми соли 2021 ибрози ақида намуданд.
Муовини аввали Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Шодмон Шариф дар баромади худ ҷамъбасти фаъолияти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва мақомоти омори маҳаллӣ дар семоҳаи якуми соли 2021 қаноатбахш шуморида, қайд намуд, ки дар баробари пешрафти кори Сарраёсат камбудиҳое низ ҷой доранд, ки бартараф намудани онҳо ба рушду нумуи соҳаҳои иқтисодиёти вилоят манфиатовар мебошад.
Қайд карда шуд, ки кишти пахта, ғалла, картошка, пиёз, зироатҳои хўроки чорво ва истеҳсоли онҳо, саршумори чорво, истеҳсол ва маҳсулнокии чорво, истеҳсоли маҳулоти саноатӣ, аз он ҷумла шир ва маҳсулоти ширӣ, намудҳои маҳсулоти гўшти мурғ ва дигар самтҳои истеҳсолӣ таҳти назорат қарор дода шавад.
Барои ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас дар самти ба тарзи электронӣ пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳои оморӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шавад.
Дар семоҳаи дуюми соли 2021 диққати асосӣ ба саҳеҳии ҳисоботҳои аввалия, шакли электронии ҳисоботҳои пешниҳодшуда, бо тарзи электронӣ пур карда шудани дафтарҳои баҳисобгирии хоҷагии аҳолӣ, ҳолати қарздорӣ аз музди меҳнат дар миқёси шаҳру ноҳия чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Ҷаласаи васеи мушовараи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоикистон дар вилояти Хатлон оид ба рўзномаи ҷаласа қарори дахлдор қабул кард.