Натиҷаҳои нуҳ моҳи Сарраёсат

     Дар санаи 8 октябри соли 2019 дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамбасти семоҳаи мақомоти омори вилоят баргузор гардид. Дар Ҷаласаи васеи мушовараи Сарраёсат аъзоёни мушовараи Сарраёсат, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Мирзоев Давлатхуҷа, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои соҳавӣ, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.        

Ҷаласаро сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Боймурод ифтитоҳ бахшида, намондагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро муаррифӣ намуданд. Дар ҷаласа фаъолияти Сарраёсат ва мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо муҳокима карда шуда, ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи корҳо ва чорабиниҳои навбатӣ барои семоҳаи чоруми соли 2019 қарори дахлдор қабул карда шуд. Дар ҷаласа сардорони мақомоти шаҳру ноҳияҳо баҳри бартараф намудаи камбудиҳои ҷойдошта, ба як тартиб даровардани ҳисоботҳои электронӣ ва бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани семоҳаи чоруми соли 2019 фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

 

Раёсати баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Сарраёсат дар якҷоягӣ бо мутасаддиёни барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили мақомоти оморӣ маҳаллӣ вазифадор карда шудаанд, ки дар муҳлатҳои камтарин камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, оид ба таблиѓоти гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ҳамкориҳо бо телевизион ва радиои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷоннок намоянд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар баромади худ ҷамъбасти семоҳаи сеюми соли 2019- уми Сарраёсатро қаноатбахш шуморида, қайд намуданд, ки дар баробари пешрафти кори Сарраёсат камбудиҳо дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, сохтмон, савдо, меҳнат ба назар мерасад ва бартараф намудани онҳо ба рушду нумуи соҳаҳои иқтисодиёти вилоят манфиатовар мебошад.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 вобаста ба соҳаи омор зикршуда, чораҳои амалӣ роҳандозӣ карда шавад. Дар саранҷом, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г.К. дастур доданд, ки камбудиҳои зикршуда ҳарчӣ зудтар бартараф карда шуда дар ин ҷода ба ҳозирин меҳру садоқат нисбати Ватан, тинҷиву амонӣ, самараи ваҳдат ва дар фаъолияташон барори кор орзў намуданд. 

Бо мақсади сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз тарафи мушовараи васеи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қарори дахлдор қабул карда шуд.

Author: statkhatlon