Сохтор

Сохтори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Дар  асоси  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2010 №862 «Дар бораи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Кумитаи омори вилояти Хатлон Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъсис дода шуд.

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар хиёбони Ваҳдат 49а  ҷойгир буда, фаъолияти худро бо шаҳрҳои Бохтару Леваканд, Кӯлобу Норак ва ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Хуросон, Дӯстӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ,Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритуз, Ёвон, Носири Хусрав, Мӯъминобод, Восеъ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик, Данғара, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувон амалӣ намуда бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ  (махсусан ҳуқуқ, молия, андоз, кумитаи идораи замин, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ)  ҳамкорӣ дорад.

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мақомоти давлатии соҳаи сиёсати баҳисобгирии оморӣ ва таҳлили иқтисодӣ буда, дар фаъолияти худ ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

Сарраёсат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва  «Дар бораи омори давлатӣ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Сарраёсат, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

Сарраёсат фаъолияти худро дар ҷамъ овардан ва паҳн намудани иттилооти  оморӣ, дар асоси принсипҳои  омӯзиши объективӣ ва ҳаматарафаи равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд меоянд, амалӣ мегардонад. Методологияи нишондиҳандаҳои омории мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, шаклҳо, усулҳои ҷамъовардан ва коркарди маълумоти оморӣ, ки Агентӣ  муқаррар  кардааст, стандартҳои  расмии омории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мебошанд.

Сарраёсат  дар  фаъолияти худ  Барномаи  корҳои  омориро, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Чумхурии Точикистон тасдиқ мекунанд, ба  роҳбарӣ  мегирад.

Дар  Сарраёсат  5 раёсат  7  шуъба  ва 1 бахши кадрҳо фаъолият доранд. Аз он ҷумла:

 

Раёсатҳо:

1) Раёсати ҷамъбастӣ ва табъу нашр

2) Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон, савдо ва хизмати пулакӣ;

3) Раёсати омори кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, молия ва меҳнат;

4) Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ, иҷтимоӣ ва нарх;

5) Раёсати баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил;

6) Раёсати таҳлилӣ

 

Шуъбаҳои соҳавӣ

1) Шуъбаи сохтмон;

2) Шуъбаи саноат;

3) Шуъбаи савдо;

4) Шуъбаи муҳосибот;

5) Шуъбаи меҳнат ва молия;

6) Шуъбаи иҷтимоӣ;

7) Шуъбаи табъу нашр

 

Баҳши Кадрҳои Сарраёсат:

Системаи ягонаи давлатии омори Сарраёсатро раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои Сарраёсат дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо ташкил медиҳанд. Сарраёсат аз мақомоти омори маҳаллии омори шаҳру ноҳияҳо  аз 3-раёсат, 16-шуъба ва  6-бахш иборат мебошад. Аз он ҷумла:

 

Раёсатҳои мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо

1) Раёсати омори ноҳияи Қушониён;

2) Раёсати омори шаҳри Кӯлоб;

3) Раёсати омори ноҳияи Восеъ;

 

Шуъбаҳои мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо

1) Шуъбаи омори шаҳри Бохтар

2) Шуъбаи омори ноҳияи Вахш

3) Шуъбаи омори ноҳияи  Хуросон

4) Шуъбаи омори ноҳияи Дӯстӣ

5) Шуъба омори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

6) Шуъбаи омори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

7) Шуъбаи омори ноҳияи Ҷайҳун;

8) Шуъбаи омори ноҳияи Панҷ;

9) Шуъбаи омори ноҳияи Шаҳритуз;

10) Шуъбаи омори ноҳияи Ёвон;

11) Шуъбаи омори ноҳияи Муъминобод;

12) Шуъбаи омори ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ;

13) Шуъбаи омори ноҳияи Фархор;

14) Шуъбаи омори ноҳияи Темурмалик;

15) Шуъбаи омори ноҳияи Данғара;

16) Шуъбаи омори ноҳияи Ховалинг;

 

Бахшҳои мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо

1) Бахши омори ноҳияи Қубодиён;

2) Бахши омори ноҳияи Носири Хусрав;

3) Бахши омори шаҳри Левакант;

4) Бахши омори ноҳияи Шамсиддини Шоҳин;

5) Бахши омори ноҳияи Балҷувон;

6) Бахши омори шаҳри Норак;