Санаи 13 сентябри соли 2024 дар толори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи ғайринавбатии Сарраёсат «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти кори Сарраёсат ва мақомоти маҳаллии омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар 8 моҳи соли ҷорӣ» баргузор гардид.
Дар ҷаласа Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед, муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳои Сарраёсат ва мақомоти маҳаллии омори шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор, пурра ба ҳисоботҳо ворид гардидани корҳои иҷрошуда, пурзур намудани қабули ҳисоботҳои оморӣбо тарқи электронӣва дигар маъалаҳои рўз баррасӣгардидаанд.
Дар ҷараёни ҷаласа Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед қайд намуданд, ки ҷамъбасти фаъолияти кори мақомоти омори маҳаллии Сарраёсат дар 8 моҳи соли равон қаноатбахш набуда, ҳаҷми корҳои иҷрошуда пурра ба ҳисоботҳои оморӣворид нагардид. Махсусан дар соҳаи омори кишоварзӣ.
Директори Агентӣ ба мақомоти маҳаллии омор оиди пешниҳоди саривақтии маълумоти эътимотнокии омор ва қатъиян роҳ надодан ба изофанависӣ, пешбурди босифати корҳои оморӣва риояи метадологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмиро ва риояи интизоми меҳнат дастуру супоришҳои қатъӣ дод.