Ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021

       Дар санаи 8 июли соли 2021 дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамбасти нимсолаи якуми мақомоти омори вилоят баргузор гардид. Дар Ҷаласаи васеи мушовараи Сарраёсат аъзоёни мушовараи Сарраёсат, муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Шодмон Шариф, Неъмонов Маҳмадӣ Неъматҷонович – сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои соҳавӣ, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок карданд. Ҷаласаро сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Боймурод ифтитоҳ бахшида, намондагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.                                                                                                             Қайд карда шуд, ки ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 408 корҳои оморӣ ҷамъоварӣ ва коркард шуда пешниҳод карда шуд, ки 100 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Гузоришҳои моҳонаи “Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон” ва ҷадвали “Нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо” саривақт чоп карда шуда, ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод карда шуд. Дар ин давра оид ба санҷиши саҳеҳии маълумотҳои оморӣ 54 шакли ҳисобот дар 164 корхонаву муассисаҳо, идораю ҷамоатҳои деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ гузаронида шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» бо моддаи 515 барои сари вақт пешниҳод накардан, дер ва тамоман пешниҳод накардани ҳисоботҳои оморӣ 164 нафар шахсони мутасаддӣ ба маблағи 64286 сомонӣ ҷарима баста шуд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 вобаста ба соҳаи омор зикршуда Сарраёсат дар якҷоягӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабинӣ омода карда, ҷиҳати амалӣ гаштани он ҳар семоҳа ба мақомоти дахлдори давлатӣ ахбор пешниҳод менамояд. Оид ба муътамадии ҳисоботҳои оморӣ ба мутахассисони мақомоти маҳаллии омор (оиди омори кишоварзӣ, сармоягузориҳо дар сохтмон, хизматрасонии пулакӣ, иҷтимоӣ ва нарху тарофаҳо) ёрии амалӣ расонида шуда, дар семоҳаи дуюми соли 2021 замини кишт ва ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ, аз он ҷумла ғалла, картошка, пиёз, зироатҳои хўроки чорво ва истеҳсоли онҳо, саршумори чорво, истеҳсол ва маҳсулнокии чорво таҳти назорат қарор дода мешавад. Баъди ҷамъбасти ҳар семоҳа ахбори муфассали “Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон” ба рўзномаҳои вилоятии “Хатлон”, Новый Хатлон” ва “Дўстлик”  пешниҳод карда мешавад. Нақшаи чорабиниҳои Сарраёсат ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди амал қарор дода шудааст.

Дар Сарраёсат риояи интизоми корӣ таҳти назорат қарор дода шуда, ҷиҳати ободонӣ, нигоҳ доштани тозагӣ дар утоқҳои корӣ ва гирду атрофи бино диққати ҷиддӣ дода шуда, кормандон дар ҳашару шанбегиҳои сатҳи шаҳрӣ ва вилоятӣ фаъолона иштирок менамоянд. Барои беҳтар намудани шароити корӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, бо дастгирии роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон базаи техникӣ беҳтар карда шуда, аз моҳи майи соли 2019 сомонаи интернетӣ бо номи «stat-Кhatlon.tj.» (СТАТ-ХАТЛОН.ТҶ) фаъолият дорад, ки дар он аз ҷониби Сарраёсати омор маълумотҳо дарҷ карда мешавад, ки  истифодабарандагон  метавонанд аз он истифода баранд. Оид ба масъалаҳои якуми рўзнома сардорони мақомоти омори ноҳияҳои Ёвон (Раҳимов А.), Панҷ –Мирзоев З.), Н.Хусрав (Шомуродов Э.), Темурмалик-Шоиброҳимзода Д.), Ш.Шоҳин (Сафаров Ф.) ва, ноҳияи Ховалинг (Бадирдинов Н.)  ва дигарон баромад намуданд. Дар музокира оид ба рўзномаи маҷлис муовини сардори Сарраёсат Алимзода С.А. сардорони раёсатҳои соҳавӣ Алихонов Б, Холмуродзода А., Каримзода А., баромад карданд. Оид ба мавзўи дуюми рўзномаи ҷаласа сардори раёсати кишоварзӣ ва муҳти зисти Сарраёсат Холмуродзода А., сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои Кўлоб, Панҷ, Қўбодиён, Ҷайҳун, Мўъминобод, М.С.А.Ҳамадонӣ ва Балҷувон баромад намуда оид ба дурнамо, сохтори кишоварзӣ, замини кишт ва истеҳоли картошка, воҳиди корӣ, истеҳоли гандум, шир, пилла, равғани растанӣ ва дигар нишондиҳандаҳои маҳсулоти хоҷагии халқ ибрози ақида намуда, барои ислоҳи камбудиҳо ва беҳтар намудани фаъолияти мақомоти омор фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Шодмон Шариф дар баромади худ ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021-умро қаноатбахш шумориданд. Қайд намуданд, ки дар баробари пешрафти кори Сарраёсат диққати асосӣ ба ҳисоботҳои аввалияи оморӣ, саҳеҳии нишондиҳандаҳо, саривақту бехато пешниҳод кардани тарзи электронии ҳисоботҳои оморӣ, ахбору маълумотҳои ба Сарраёсат вобасташуда нигаронида шавад. Камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, сохтмон, савдо ба назар мерасад ва бартараф намудани онҳо ба рушду нумуи соҳаҳои иқтисодиёти вилоят манфиатовар мебошад. Барои саҳеҳии нишондиҳандаҳои таваллуд ва фавт мебояд, ки бо шуъбаи тандурустӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳамкорӣ карда шавад; Иншоотҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба ҳисоботҳои оморӣ дохил карда шавад. Роҳбарияти Сарраёсат ва сардорони мақомоти маҳаллӣ вазифадор карда шуданд, ки фаъолиятро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи оморӣ давлатӣ” ба роҳ монда, иҷрои Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2021-умро таъмин намоянд. Дар якҷоягӣ бо Сарраёсат ва мақомоти дахлдори давлати мукаммал гардонидани шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва механизми ҷамъоварии маълумотҳо дар шаҳру ноҳияҳо роҳандозӣ намуда тарзи электронии ҳисоботҳои оморӣ дар соҳаҳои омори меҳнат, нақлиёт, саноат, сохтмон, молия, савдо, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва кишоварзӣ ҷорӣ карда шудааст.

Оид ба мавзўи дуюми рўзномаи ҷаласа Неъмонов Маҳмадӣ Неъматҷонович -сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, оид ба риояи интизоми меҳнат ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии хизмати  давлатӣ, муқаррароти амалкунандаи соҳаи хизмати давлатӣ, фаъолият аз рўи дастурамалҳои мансабӣ ва баназаргирии ҳатмии талаботҳои тахассусӣ ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ дар соҳаи омор ба инобат гирифта шуда, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар Сарраёсат аз рўи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда, қайд намуд, ки озмун ва аттестатсия дар Сарраёсат дар асоси санад ва қонунҳои амалкунада ба роҳ монда шавад.  Дар саранҷом, Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Ш.Ш. дастур доданд, ки камбудиҳои зикршуда ҳарчӣ зудтар бартараф карда шавад ва дар ин ҷода ба ҳозирин тандурустӣ, меҳру садоқат ба Ватан, бурдборӣ, тинҷиву амонӣ ва дар фаъолияти ҳамарўзаашон барори кор орзў намуданд. Бо мақсади сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз тарафи мушовараи васеи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қарори дахлдор қабул карда шуд.

 

Author: statkhatlon