«Пирўзии дастаи Волейболбзони омор»
Дар ҳама давру замон варзиш бо намудҳои мухталифаш маълум буда, мухлисони худро дошт. Варзиш аз ҷумлаи соҳаҳоест, ки ҳаёту рўзгори мардумро пуробуранг мегардонад. Бо мақасди баланд бардоштани сатҳи таёрии ҷисмонӣ, такмил додани сифатҳои ҷисмонӣ, ҷалб намудани кормандон ба намудҳои варзиш ва муайян намудани варзишгарони беҳтарин барои иштирок дар мусобиқаҳои байни идоравӣ, бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон мусобиқаи волейбол байни кормандони ташкилоту корхонаҳои вилоятӣ барои дарёфти «Ҷоми раиси вилоят» дар асоси Низомномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон роҳандозӣ гардид.
Мусобиқаи мазкур аз моҳҳои ноябр то декабри соли 2023 идома ёфт. Дар мусобиқаи мазкур 16 даста иштирок намуда, ғолибонро бо Ҷом, медал, ва туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Хатлон сарфароз гардониданд. Дар ин мусобиқаи вилоятӣ низ дастаи футболбозони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иштирок варзиданд.
Ҷойи аввалро дастаи волейболбозони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ишғол намуда соҳиби «Ҷом»- и раиси вилояти Хатлон гардиданд. Ба ғолибон бо Дипломи дараҷаи 1 ва туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.