Ҷаласаи васеи мушовараи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

       Дар санаи 12 январи соли 2021 дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи васеи мушовараи Ссарраёсат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2020 ва вазифаҳои навбати барои соли 2021 баргузор гардид. 

     Дар Ҷаласаи васеи мушовараи Сарраёсат аъзоёни мушовараи Сарраёсат, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Дадабоев Алишер., сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои соҳавӣ, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок карданд.

    Ҷаласаро сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Боймурод ифтитоҳ бахшида, намояндагон аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро муаррифӣ намуда, оид ба фаъолияти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва мақомоти омори маҳаллӣ дар  соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2021 маълумот доданд.

     Дар ҷаласа фаъолияти Сарраёсат ва мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо муҳокима карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва амалӣ намудани нақшаву чорабиниҳо барои семоҳаи якуми соли 2021 қарори дахлдор қабул карда шуд.

Author: statkhatlon