Имрўз, дар санаи 21 октябри соли 2020 дар утоқи кории сардори Сарраёсат ҷамъомад ба муносибати 20 октябр ҳамчун рузи умуиҷаҳонии омор баргузор гардид. Сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Боймурод баромад намуда, аз он ҷумла қайд карданд, ки омор – оинаи иқтисодиёт ба шумор меравад. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи фаъолияти оморӣ ба танзим дароварда, вазифаҳо, ҳуқуқу ўҳдадориҳои мақомоти омори давлатӣ, инчунин тартиби ташкил, ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳн ва ҳифз намудани маълумоти омори расмӣ ва пешбурди баҳисобгирии омори расмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Мо кормандони соҳаи омор ҷиҳати саҳеҳии ҳисоботҳои оморї кушиш ба харҷдода, дар рушду нумуи кишвари азизамон саҳми босазои худро гузорем. Дар саранҷоми баромади худ Ҳакимзода Қурбон аз номи худ, аз номи роҳбарияти Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандонро бо рузи умумҷаҳонии омор табрик намуда, ба онҳо бурдбориҳо орзу намуданд.