Ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 № 1356 оид ба гузаронидани “Барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020” корҳои омодагӣ ба анҷом расонида шуд. Дар санаи 1 октябри соли равон, дар назди Парчами шаҳри Бохтар оиди ифтитоҳи маъракаи муҳими сиёсӣ бо иштироки раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ва дигар намояндагон ва масъулони мақомоти дахлдор ҷамъомад баргузор гардид. Дар аввал сардори Сарраёсати омори вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон оид ба оѓози маъракаи муҳими сиёсӣ баромад намуда, баъди он сухан ба раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода дода шуд. Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, дар бораи муҳим будани ин маъракаи сиёсӣ сухан намуда аз он ҷумла қайд намуданд, ки мақсади гузаронидани ин маъракаи сиёсӣ – дастрас намудани шумораи аҳолӣ, маълумотнокӣ, машѓули аҳолӣ бо кор ва муайян намудани ҳолати иҷтимоӣ ва фонди манзил мебошад. Рўйхати шахсони ба ин маърака ҷалбшуда бо қарори раиси шаҳр тасдиқ карда шуда, ба Сарраёсат пешниҳод карда шудааст.
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани Барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020” аз мутасаддиён, мутахассисони омор ва кормандони муваққатӣ ба ин чорабинӣ ҷалб карадашуда талаб карда мешавад, ки дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурамалҳои вобаста ба ин чорабиниро риоя намуда, маводҳои заруриро сари вақту бо сифат ҷамъоварӣ намуда ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Дар охир ба ҳамаи Шумо барои гузаронидаи барўйхатигирии аҳолӣ ва фонди манзил муаффақиятҳо орзумандам.