Ҷамъбасти натиҷаҳои “Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2020”

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2011 № АП-1729 Санаи 16 июли соли 2020 дар утоқи кории сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят доир гардид. Дар нишасти матбуотӣ аз намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон шахсони зерин:

  1. Зубайдуллои Қодир- наворбардори «ТВ-Тоҷикистон»,
  2. Ҷураев Муборакшо – мухбири «Радиои Хатлон»
  3. Убайдуллоев Қ. – рўзноманигори «ТВ- Тоҷикистон»
  4. Зулайхо Ѓоибова – рўзномаи «Новый Хатлон»
  5. Аъзам Бобоев- рўзномаи «Ваҳдат»
  6. Отаева Шарофат – сармуҳарири маҷалаи «Меҳровар»
  7. Муллоев Абдурашид – рўзномаи «Дўстлик»
  8. Каримов Даврон – рўзноманигори «Халқ овозӣ»
  9. Таваралии Соҳиб- рўзноманигори «ТВ- Тоҷикистон»
  10. Машраби А.- рўзноманигор «Тоҷикистон»
  11. Баҳодур Уроқов – мухбири рузномаи «СССР»
  12. Камолов М. – рўзноманигори «ТВ-Ҷаҳоннамо»
  13. Орзуи Карим- рўзноманигор и«Радиои Озодӣ»
  14. Қурбонов Фирўзҷон – рўзноманигори «ТВ-Синамо»
  15. Аҳмади Раҳим- рўзномаи «Пайк»
  16. Сулаймон Султонов – рўзномаи «Садои мардум»
  17. Сафаров Рустам- сармуҳарири «Набзи Бохтар»
  18. Манучеҳр Камолов – хабарнигори «ТВ-Бохтар»
  19. Қодиров Файзулло- наворбардори «ТВ-Хатлон»
  20. Мунира Абдурасулова – хабарнигори «ТВ-Хатлон»
  21. Сайфиддинов М- хабарнигори « Тоҷикистон»
  22. Ҳафизов Анвар- хабарнигори «Ховар»
  23. Амонҷон Муҳиддинов – хабарнигори- «Хамрози Халқ»
  24. Саидов С.- хабарнигор «ТВ-Радио»
  25. Сотиев Умед – мутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи раиси вилояти Хатлон иштирок намуданд.

 Сараввал, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Боймурод оид ба фаъолияти Сарраёсат маърўза намуд. Баъд аз ин саволу ҷавоб байни намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят бо сардори Сарраёсати Агентии омори вилояти Хатлон ва сардорони раёсату шуъбаҳои соҳавӣ доир гардид. 

Дар рафти нишасти матбуотӣ рўзноманигорон дар атрофи фаъолияти Сарраёсати Агентии омори вилояти Хатлон, шуъбаҳои омори шаҳру ноҳияҳо, афзоиши шумораи аҳолии вилоят, нархҳои истеъмолӣ, рафти супоридани ҳисоботҳои оморӣ, пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, саноат, меҳнат ва қарздорӣ аз музди меҳнат, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, корхонаҳои навтаъсиси саноатӣ, воридоту содирот дар соли 2020 нисбат ба соли 2019, теъдоди нафарони гирифторон аз бемории коронавирус, корхонаҳои аз кор бозмонда дар вилоят, шумораи занони роҳбарикунанда дар Сарраёсат ва дар ҳудуди вилояти Хатлон, аз он ҷумла ҷавонон, гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил,   захира ва таъмини маводҳои озуқаворӣ, намудҳои тадқиқотҳои оморӣ ва дигар паҳлўҳои фаъолияти Сарраёсат саволу ҷавоб доир намуданд.

Баъди ба анҷом расидани раванди саволу ҷавоб, намояндаи шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи раиси вилояти Хатлон Сотиев Умед оиди иштирок намуданашон дар нишасти матбуотӣ ба сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Боймурд изҳори миннатдорӣ намуда, ба кору фаъолияти Сарраёсати Агентии омори вилоят баррориҳои меҳнатӣ таманно намуд. Нишасти матбуотӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Author: statkhatlon