ВОХУРӢ БО НАМОЯНДАИ ТИББ

         Дар санаи 5 марти соли 2020 дар утоқи кории сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохурии судманд оид ба пешгирии бемории сироятии вабои аср Коронавирус бо намоянда аз Маркази саломатии шаҳри Бохтар Мавлонбердиев Мурод- духтури осебшинос гузаронида шуд. Дар ин вохурӣ, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳои соҳавӣ ва аҳли кормандон иштирок намуданд. Сараввал саррдори Сарраёсат Ҳакимзода Қурбон Боймурод меҳмонро ба ҳамагон муаррифӣ намуда баъдан суханро ба намояндаи Маркази саломатии шаҳри Бохтар Мавлонбердиев Мурод дода шуд. 

Мавлонбердиев Мурод  чунин қайд намуданд: масъалае, ки имрўз ҳамаро ба ташвиш овардаанд ин бемории сироятиии Каронавирус мебошад. Коронавирус як намуди вирусест, ки сироятҳои роҳи нафасро ба вуҷуд меорад, ки одатан ҳалим аст, аммо дар баъзе ҳолатҳо марговар аст. Ягон ваксина ё доруҳои зидди вирусӣ вуҷуд надоранд, ки барои пешгирӣ ё табобат тасдиқ карда шудаанд. Коронавирусҳо вирусҳои бо геномҳои яктарафаи РНК-и мусбӣ ва бо нуклеокапсидҳои симметрияҳои мушак мебошанд. Коронавирусҳо дар солҳои 1960 кашф карда шуданд; Қадимтарин кашфиётҳо вируси сирояти бронхит дар чӯҷаҳо ва ду вирус аз холигоҳи бинии беморони инсон бо хунукии муқаррарӣ буданд, ки баъдан инсон coronavirus 229E ва коронавируси OC43 номида шуданд. Гумон меравад, ки коронавирусҳои зиёде мавҷуданд, ки ба ҳайвонҳо сироят мекунанд, танҳо баъзеҳо то ба ҳол тавассути ғизо ба инсон интиқол ёфтаанд. Коронавирус метавонад дар баъзе ҳолатҳо ба нокомии узвҳо оварда расонад ва ин боиси марговар мегардад.

Оиди ин беморӣ тадбирҳои иловагӣ бар зидди сирояти Коронавирус, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шудааст, айни замон зери назорати махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Номбурда дар идомаи суханронии хеш ҳадаф ва мақсади баргузор гардидани вохурӣ пешгирӣ аз сирояти эҳтимолии коронавирус дар Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ҳамзамон, таъкид намуд, ки барои пешгирӣ ва табобати сирояти мазкур ба муассисаҳои тандурустии мамлакат муроҷиат намоед, иброз доштанд, ки то имрӯз аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шудааст, назорат дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нуқтаҳои назорати санитарию карантинӣ назорати эпидемиологӣ пурзӯр карда шудааст.“То имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳодисаи гумонбар ба сирояти коронавирус мушоҳида нагардидааст. 

Аммо, новобаста ба ин,  бо мақсади пешгирии интиқоли он ба ҷумҳурӣ ва ҷиҳати дар ҳолати омодабош қарор доштан, ба муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат супориш ва дастуру пешниҳодоти зерин, аз ҷумла омӯзиш ва мушоҳидаи ҳаррӯзаи вазъи эпидемиологӣ ва паҳншавии БШРН дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, гузаронидани омӯзишҳо оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи сирояти коронавирус барои мутахассисони муассисаҳои табобатию профилактикӣ, гузаронидани омӯзиш оид ба истифодаи воситаҳои ҳимояи фардӣ ва риояи чораҳои назорати сироят дар муассисаҳои тандурустӣ, таҳия ва ирсоли пешниҳоди мушаххаси санитарӣ вобаста ба вазъи паҳншавии сирояти коронавирус ба сохторҳои дахлдор, ташкил намудани гаштҳои хонагӣ ва дарёфту муоина намудани беморони шадиди роҳи нафас ва муайян намудани он нафароне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон баргаштаанд, омода намудани ҳуҷраҳои алоҳидаи ҷудогардонӣ (изолятсия) барои бистарӣ ва муоина намудани гумонбарон ба сирояти короновирус, омода намудани ҳуҷраҳои алоҳидаи эҳёгарӣ (реаниматсия) барои бистарӣ ва муолиҷа намудани гирифторшудагон ба сирояти короновирус ва ғайра дода мешавад”.

Ҳамзамон, тибқи супориши бевоситаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута гардиши молу мавод дар сарҳад, нуқтаҳои сарҳадии рафтуомади шаҳрвандон ва дигар ҳолатҳои эҳтимолии гузариши ин бемориро зери назорати қатъӣ қарор додааст. Дар фарҷоми суханронияш барои пешгирӣ намудани худ ва назидикони худ  аз Каронавирус Мавлонбердиев Мурод тавсия дод, ки қоидаҳои санитарию гигиениро ба ҷо оварда, баҳри эмин нигоҳ доштани ин бемории сироятӣ саломатии худ ва шахсони гирду атрофро саҳмгузор бошанд. Дар охир сардори Сарраёсат ба Мавлонбердиев Мурод, барои иштирок ва баромади пурмуҳтаво оид ба омилҳо ва пешгирии вируси сирояткунанда – Коронавирус изҳори сипос намуданд. 

Author: statkhatlon