ТАБРИКОТИ САРДОРИ САРРАЁСАТ БАХШИД БА РУЗИ МОДАРОН.

Табрикоти Сардори Сарраёсат бахшида ба Рузи Модарон!

      Санаи 6- марти соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат, ба муносибати Рузи модар маҷлиси кормандон баргузор гардид. Сардори Сарраёсат дар баромади худ бонувон ва занони Сарраёсатро  бо ин иди фархундапай табрик намуда, қайд намуданд, ки дар оғози фасли баҳори нозанин ва шукуфоии табиат ҷашнгирии Рўзи байналмилалии занон- 8 март рамзӣ буда, он ба мардуми башар аз баҳорандомию назокати занону модарони арҷманд муҷдаи гуворо мерасонад. Дар ин рўзҳои фараҳманду нишотбахши фасли баҳор, ки замини биҳиштдомони Тоҷикистони азиз пероҳани сабз ба бар карда, мардуми фархундатолеъи он зеботарин ҷашн – Рўзи байналмилалии занон, ки дар кишварамон ҳамчун Рўзи модарон ном гирифтааст бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Зан ва баҳор дар баёни расолату муҳаббати ҳастии зиндагӣ нақши мутаносиб доранд.                                                                                           Эҳтироми зан, шинохту қадр ва манзалати модар қарз ва рисолати ҳар фарди худогоҳ буда, мо дар сурате онро адо карда метавонем, ки ба қадри заҳмату ранҷ, шири ҷонбахши модар, меҳру самимият ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони боиффату ҳаётофари худ арҷи шоиста гузошта тавонем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми зан-модар фармудаанд: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан – модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво мебошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.» Дар Паёми навбатии Сарвари давлат аз 26 декабри соли 2019 нисбат ба зан- модар омадааст, ки «… мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ўро қадр намоем».                                                                                                                         Ҷашни Рўзи байналмилалии занон дар айни ҳол ҳадафи тасдиқи баробарии мардон ва занонро надошта, балки тасдиқи рўзи баҳор, зебоии зан, меҳрубонӣ, хиради руҳонӣ ва таваҷҷуҳ ба занҳо мебошад. Ин ид аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон ҳам, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ба хотири арҷгузорӣ аз ин сана истиқбол мекунанд.                                                                                                Дар асоси моддаи 2 Конуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи рўзхои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 дар Ҷумхурии Точикистон 8 март хамчун Рўзи Модар қайд карда мешавад ва он рўз ҳамчун рўзи иди ғайри корӣ мебошад. Ба ин муносибат аз самими қалб таҷлили 8- март Рўзи Модарро дар шахияти Шумо ба ҳамаи бонувони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон табрику таҳният гуфта, муваффақият орзу намуда, бароятон саломативу умри бардавом,  хонаи ободу рўзгори осоишта, бахту саодат ва дар ҳаёти шахсии ҳар яки шумо пирўзиҳо ва дар корҳои ҳамарўзаатон муваффақиятҳои беназирро орзў манамоям.

Author: statkhatlon