ПАЁМ- РОҲНАМОИ МИЛЛАТ.

        «Тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои роҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем. Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи ватани соҳиббунёду маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем ва ба давлати соҳибистиқлолиамон содиқ бошем, ҳамаи ҳиссу талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузи эътибори Тоҷикистони азизамон равона созем».

Эмомалӣ Раҳмон.

  Дар санаи 26 декабри соли 2019 кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат ва утоқи кории сардори Сарраёсат бо иштироки роҳбарияти мақомоти Сарраёсат, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои соҳавӣболидаву саршор аз муҳаббати бепоён нисбат ба ватани муқаддаси хеш ва Сарвари хирадпешаи он, ҳамагон интизори тамошои мустақими телевизионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳро дастаҷамъона тамошо карданд.                  

 Бояд қайд намуд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад.

Ҳар сол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешаванд ва ин бесабаб ҳам нест. Зеро Паёми Президенти кишвар дорои мазмуни пурмуҳтаво, фарогири паҳлуҳои мухталифи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, иқтисодиёт, фарҳанг, дар маҷмӯъ тамоми самтҳои фаъолияти мардуми кишвар буда, барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути Паёми хеш аз дастовардҳои соли равон ва солҳои қаблӣ ёдрас намуда, барои оянда дастуру супоришотҳои судманд ироа карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Махсусан, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешанд.эълон карда шаванд.бо хушнудии беандоза пазируфта гардид.

Соли 2020 дар кишварамон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Ин чорабинӣ дар марҳалаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоии Точикистон барои муайян намудани нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии равандҳои демографӣ равона карда шудааст, ки дар ҷараёни банақшагирӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар ин самт муҳим мебошад. Таваҷҷӯҳи кулли мардуми кишвар ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нишони дастгирии сокинон ба тасмимҳои шоиставу саривақтии роҳбарияти олии кишвар аст. Намояндагони касбу корҳои гуногун дар Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат ҳатман нуқтаҳои муҳими фаъолияти худро пайдо мекунанд, дастуреро барои фаъолият то паёми дигар ба даст меоранд. Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури созандагию бунёдкорӣ ба кулли сокинони мамлакат маҳсуб ёфта, амалигардонии саривақтии нишондодҳои ин ҳуҷҷати барномавӣ ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд ва мо имрӯз вазифадорем, ки дар самти татбиқи бандҳои дахлдори он саҳми арзанда гузошта, аз ин роҳ масъулияти худро дар роҳи иҷрои барномаҳои муҳими давлатӣ таъмин кунем. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолиятҳои бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.                    Инчунин Имрузро кормандони Раёсати омори ноҳияи Кўшониён – дастаҷамона тамошо намуданд. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда дастуру пешниҳодҳо баён гашта, ҷиҳати иҷрои кодекси андози ҷумҳурӣ, сармоягузории хориҷӣ, иқтисодиёти пинҳонӣва коррупсия, барномаҳои давлатӣ нисбати роҳи оҳан ва соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ, тақвияти гидроэнергетика ва коммуникатсияи ҳозиразамон, тайёр кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобдиҳанда, бардоштани савияи дониши кадрҳои давлатӣ, хизматчиёни давлатӣва соҳавӣ, рушди забони давлатӣ, аз худ намудани забонҳои русӣва англисӣ, маърифати сиёсӣ, истифодаи шароитҳои мусоид дар соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣба бахши ҳифзи иҷтимоӣва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, маориф, фарҳанг, илм, фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи солиму бомаърифати фарзандон, риояи қонунҳо оиди танзими расму оинҳо диққати асосӣдода, баҳри коҳиш додани таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии молиявӣба иқтисодиёти кишвар чораҳои зарурӣандешида мешаванд. Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми қонунгузории кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рўйдодҳои муҳим маҳсуб ёфта, аз ҷониби коршиносон ҳамчун омили мусоидаткунандаи рушди ҷомеа эътироф шудааст. Зеро татбиқи нуқтаҳои ин ҳуҷати муҳим замина фароҳам меорад, ки пешрафти соҳаҳо таъмин ва рўзгори мардум боз ҳам беҳбудӣ ёбад.
масъалаҳои, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа буд. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем». Ҳамзамон нисбат ба ҷавонон бо қаноатмандӣ чунин иброз доштанд: «Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».

 

Author: statkhatlon