«ЗАБОН– ТАҶАССУМГАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ»
Санаи 4 октябри соли 2019 дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба рўзи забон маҷлис гузаронида шуд. Дар маҷлис намоянда аз Донишкадаи такмили ихтисос муаллима Холиқова Ойгул иштирок намудаанд. Сараввал сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон Боймурод ба муносибати таҷлили Рўзи Забон ҳозиринро табрик намуданд.
Қайд гардид, ки Ҳастии ҳар як халқу миллат пеш аз ҳама ба забони ӯ марбут аст. Забон шиносномаи миллат ва сарвати беназири ҳар як халқу давлат аст.
Ҷашни забон, ки ба ҳукми анъана ва ҷашни миллӣ даромадааст, аз тасвиби Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Он рӯз, яъне 22-юми июли соли 1989, ки Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни забонро эълом дошт, барои миллати тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда мебошад.
Аз ин рӯ, беғалат навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон, ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои донистани дигар забонҳо мусоидат мекунад.
Қонуни забон заминаҳои истиқлолияти сиёсиро фароҳам сохт, зеро истиқлолияти сиёсӣ бе доштани забони давлатӣ фароҳам намегардад. Тадбиқи ҳамаҷонибаи қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мову Шумо вобаста аст. Бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам буда, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст: 1. Забони форсии қадим. 2. Забони форсии миёна. 3. Забони форсии нав.
Пас аз баромади Сардори Сарраёсат навбатро устоди сухан ба муаллима аз Донишкадаи такмили ихтисос Холикова Ойгул дода шуд ва дар бобати забон ва забондонӣ баромад намуданд . Аз ҷумла қайд намуд, ки:
Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.
Шоирону нависандагон ва донишмандони олам, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Хоҷа Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ ва дигарон асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шӯҳрати ин забонро боз афзунтар гардониданд. Бо ифтихори тамом метавон гуфт, ки дар амри бақову ҳастии миллат ва забони мо сулолаи некноми Сомониён нақши калидӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳояш оид ба забономўзии ҷавонон ва манзалати забони модарӣ суханронӣ намуда, қайд намудаанд, ки «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард».
Донистани забони миллатро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад. Инсон бояд аввалан забони хешро пурра аз худ кунад ва дар баробари забони худ ба омӯзиши дигар забонҳо низ машғул шавад ва дар дигар давлатҳо обурӯи давлати хешро баланд бардорад. Дар ин ҷода ба шумоён барори кор орзу намуда бори дигар Шуморо бо рўзи Забони шевои тоҷики табрик менамоям.
Бо Ҳамин маҷлис бахшида ба рўзи Забон ба анҷом расид.