Гузориши ҳармоҳаи омории «Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон» дар асоси маводҳои ҷамъбастии ҳисоботи омории давлатӣ гирифта шудааст ва он дар Барномаи корҳои оморӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, № 561 тасдиқ гардида пешбинӣ шудааст, ҳамчунин гузориши таҳлилии мазкур дар асоси маводҳои таҳқиқоту пуршишҳои гузаронидаи мақомоти омор ва маълумотҳои дар асоси ҳисоботҳои омории вазорату идораҳои ба мақомоти оморӣ пешниҳод гардида, тартиб дода мешавад.
Нашрияи ҳармоҳаи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маҷмӯи иттилооти таъҷилиро оиди вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодиро барои моҳи охири ҳисобот ва аз аввали сол дар бар мегирад.Дар нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ динамика аз рӯи моҳҳои солиҷорӣ ва гузашта оварда мешавад. Сарраёсати омор гузоришро дар асоси маълумотҳои вазорату идораҳои вилояти Хатлон пешниҳодшуда, таҳия менамояд.
Дар гузориш оид ба соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёт ва алоқа, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нарх, молия, бозори меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, иттилооти васеъ пешниҳод карда мешавад.