Дар санаи 16 ноябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат бахшида ба эълон гаштани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор гардид. Дар маҷлис сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Давлатзода З.Д., муовини сардори Сарраёсат, мудири шуъбаи таҳлили иқтисодӣ ва таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Валиев Х., сардорони раёсатҳо ва кормандони шуъбаҳои соҳавии Сарраёсат иштирок карданд.
Оиди мавзўъ, сардори Сарраёсат Давлатзода З.Д. баромад намуда, аз он љумла ќайд намуданд, ки дар санаи 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зимни Паёми навбатии худ пешнињод намуданд, ки бо маќсади тараќќї додани соњаи сайёњї муаррифии шоистаи имкониятњои сайёњии мамлакат ва фарњанги миллї дар арсаи байналмиллалї, инчунин, љалби сармоя ба инфрасохтори сайёњї соли 2018 дар кишвар Соли сайёњї ва њунарњои мардумї эълон карда шавад. Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиї ва иќлими Тољикистон барои ба роњ мондани хизматрасонии муосири сайёњї ва инкишофи намудњои гуногуни он имконияти бењтарин муњайё кардааст.
Тољикистони бињишосои мо сарзамини мардуми соњибмаърифату мењмоннавоз ва кишвари мевањои шањдбор буда, аз нигоњи иќлим, боду њаво, манзарањои табиат, куњњои осмонбўс, пиряхњои азим, обњои шифобахш, кўлњо ва чашмањои оби мусаффо, њайвоноту наботот ва урфу анъанањои мардумї дар олам нотакрор ва макони бењтарини сайру саёњат мебошад.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки бо маќсади боз њам рушд бахшидани соњаи сайёњї истифодаи самараноки имкониятњои мављуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёњї, бењтар кардани сифати хизматрасонї, густариши раванди танзими давлатї ва дастгирии сайёњии дохиливу хориљї, љалби њарчї бештари сармоя ва омода кардани кадрњои болаёќат соли 2017 дар назди Њукумати Љумњурии Тољикистон сохтори алоњида оид ба соњаи сайёњї таъсис дода шуд.
Дар сарзамини Тољикистони бињиштосои мо соњаи сайёњї имкониятњои мусоид дорад ва барои амалї намудани чорабинињои Њукумати Љумњурии Тољикистон мову шумо бояд сањмгузор бошем.
Фарњанги миллии сарзамини њамешабањори мо таърихи тулонї дошта, онро Даќиќї, Абулќосими Фирдавсї, Њофизу Саъдї, Умари Хайём, Абдурањмони Љомї, Садриддини Айнї, Бобољон Ѓафуров, Бозор Собир, Лоиќ Шералї ва дигарон бою ѓанї гардонидаанд.
Таърих гувоњ аст, ки миллати тољик бо њунарњои худ, аз љумла заргарї, дўзандагї, бофандагї, кўлолгарї, оњангарї, сохтани гавњора, табаќу коса ва ѓайра машњури љањон гаштааст.
Истеъдоди мардумони њунарманд дар китоби муќаддаси “Авесто”, асари безаволи “Шоњнома”-и Фирдавсї, “Таърихи Бухорої”-и Восифї ва дигарон рўи ќоѓаз оварда шуда, дар сањифаи таърих наќш бастааст. Ин гувоњи он аст, ки дар њаќиќат барои эњёи њунарњои мардумї, ривољ додани касбу њунарњои ќадимаи тољик кўшиш ба харљ дињем.
Аз љониби дигар эњёи касбу њунарњои мардумї имконият медињад, ки њунармандони чирадаст дукону сехњо кушода љавононро барои аз худ намудани нозукињои њунарњои мардумї љалб намоянд. Ин барои таъсис додани љойњои нави корї ва ба шуѓл фаро гирифтани љавонон мусоидат менамояд.
Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон дар якљоягї бо мутахассисони Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон љињати соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гаштани солњои 2018-2021 чорањои зарурї ва шаклњои њисоботњои заруриро тањррезї намуданд.
Баъдан, љињати тарѓибу ташвиќи њунарњои мардумї дар Сарраёсат намоиши либосњои миллї ва презентатия баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати љамъбастї ва табъу нашри Сарраёсат оид ба намудњои духти либосњои миллї маълумот доданд.