Ҷаласаи Мушовара

Дар санаи 12 апрели соли 2019 дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамбасти семоҳаи мақомоти омори вилоят баргузор гардид. Дар Ҷаласаи васеи мушовараи Сарраёсат аъзоёни мушовараи Сарраёсат, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Малоҳат Холиқзода, сардори раёсати баруйхтагирии аҳолӣ ва фонди манзили  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродов В.Қ., муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов Р.С., сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои соҳавӣ, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок карданд.

Ҷаласаро сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Давлатзода Зарина Дилмурод ифтитоҳ бахшида, намондагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро муаррифӣ намуд.

Дар ҷаласа фаъолияти Сарраёсат ва мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо муҳокима карда шуда, ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи корҳо ва чорабиниҳои навбатӣ барои семоҳаи дуюми соли 2019 қарори дахлдор қабул карда шуд.

Оид ба масъалаҳои якуми рӯзнома сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои Норак (Бердиева Азамат), Вахш (Алихонов Умед). Ёвон (Азимов Абдуҷаббор), М.С.А.Ҳамадонӣ (Шарифов Шодӣ), Данғара (Бобохонов Мансур) ва Панҷ (Мирзоев Зинатулло) баромад намуданд.

Баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, ба як маром даровардани ҳисоботҳои электронӣ ва бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани семоҳаи дуюми соли 2019 ибрози ақида намуданд.

Сардори раёсати баруйхтагирии аҳолӣ ва фонди манзили  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродов В.Қ. дар баромади ҳуд ҳолати омодагӣ ба баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шарҳ дода кайд намуданд, ки корҳои омодагӣ аз рӯи нақша ба роҳ монда  шуда, иҷрои қарори Ҳукумати   Ҷумҳурии   Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2016 № 511 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» хуб ба роҳ монда шуда, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят рақамгузории хонаҳои маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои калон ба пуррагӣ ба анҷом расонида нашудааст.

Раёсати баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Сарраёсат Шарифов С.В. дар якҷоягӣ бо мутасаддиёни баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили мақомоти оморӣ маҳаллӣ вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлатҳои камтарин камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, оид ба таблиғоти гузаронидани баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ҳамкориҳо бо телевизион ва радои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷоннок намоянд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар баромади худ ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2019- уми Сарраёсатро қаноатбахш шуморида, қайд намуданд, ки дар баробари пешрафти кори Сарраёсат камбудиҳо дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, сохтмон, савдо ба назар мерасад ва бартараф намудани онҳо ба рушду нумуи соҳаҳои иқтисодиёти вилоят манфиатовар мебошад.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 вобаста ба соҳаи омор зикршуда, чораҳои амалӣ роҳандозӣ карда шавад.

Бо назардошти он, ки дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021- солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, оид ба ҷамъоварии маълумотҳои саҳеҳ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар саранҷом, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г.К. дастур доданд, ки камбудиҳои зикршуда ҳарчӣ зудтар бартараф карда шавад ва дар ин ҷода ба ҳозирин меҳру садоқат нисбати Ватан, тинҷиву амонӣ, самараи ваҳдат ва дар фаъолияташон барори кор орзӯ намуданд.

Бо мақсади сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз тарафи мушовараи васеи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қарори дахлдор қабул карда шуд.

Author: tojNet